Дар як сатр
» » Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

4-01-2016, 10:30

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!Дар поёнии сол, одатан, аксари ташкилоту идораҳо аз фаъолияти солонаи худ натиҷагирӣ карда, бурду бохти худро ба риштаи таҳлил мекашанд. Аз ин рӯ, идораи рӯзномаи «Хатлон» низ тасмим гирифт, ки омори яксолаи кори нашрияро мухтасар пешкаши хонандаи арҷманди худ гардонад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар давоми соли 2015-ум рӯзномаи вилоятии «Хатлон» 48 шумора бо теъдоди 9300 то 10750 ҳазор нусха рӯйи чоп оварда, дар тамоми 25 шаҳру ноҳияи вилоят дастраси обуначиён гардид.

Хабарнигорони рӯзномаи «Хатлон» дар давоми сол беш аз 750 хабару мақолаҳои таҳлилию танқидии худро пешкаши муштариён кардаанд, ки ҳар як матлаб инъикоскунандаи ҳаёти имрӯзаи мардум буда метавонад. Дар баробари ин, боз даҳҳо матлаб ба «Соли оила» эълон шудани соли 2015 ва беш аз 30 матлаб ба мавзӯи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бахшида шудааст. Дар маҷмӯъ, наздики 600 хабар ва беш аз 531 мақолаи таҳлилию танқидӣ, мусоҳиба ва очерку лавҳаҳо ба нашр расониданд.

Дар ҳар шумораи рӯзнома ба ҳисоби миёна 12-13 акс истифода шудааст, ки агар ба 48 шумораи давоми сол нигарем, ба 624 адад мерасад. Ҳамчунин, дар соли 2015-ум ба шуъбаи номаҳои рӯзномаи «Хатлон» беш аз 300 мактуби хонандагони нашрия расидааст, ки қисмате аз онҳо рӯйи чоп омадаанд.

Исми Президенти мамлакат ва раиси вилоят дар соли 2015 бештар дар хабару мақолаҳои рӯзнома номбар шудаанд, ки амри табиӣ мебошад.

Ҳамчунин, исми муовинони раиси вилоят, кормандони масъул ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят, кормандони прокуратураи вилоят, масъулони Сарраёсати омор, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, Хадамоти муҳоҷирати вилоят, маъмурияти шабакаҳои барқи ҷанубӣ аз 2 то 21 маротиба дар матлабҳои нашрияи «Хатлон» зикр шудааст. Аксари онҳое, ки исмашон дар навиштаҳои рӯзнома ба чашм мерасад, манбаи аслии хабарҳои нашрияи «Хатлон» буданд.

Номи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 25 то 110 маротиба номбар шудаанд. Исми Қӯрғонтеппа ба он хотир зиёд зикр мешавад, ки ин шаҳр маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, аксари чорабиниҳои расмӣ дар ин ҷо ба вуқӯъ мепайванданд.

Тибқи арзёбии хабарнигорони рӯзнома, давоми соли 2015 котибони матбуотӣ ё масъулони ҳамкорӣ бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, идораи гумрук, намояндагии «Тоҷикстандарт», Сарраёсати омор, Саррраёсати кишоварзӣ, мақомоти молия, андоз, хадамоти оташнишонӣ бо идораи нашрияи “Хатлон” иртиботи хуберо роҳандозӣ карда буданд.

Метавон қайд сохт, ки рӯзномаи «Хатлон» аввалин ВАО-и давлатӣ дар вилояти Хатлон аст, ки дар рӯзи 1 январи соли 2015 сомонаи интернетии худро бо нишонии www.khatlon-ruznoma.tj дар шабакаи ҷаҳонии интернет фаъол кард. Аз ин ҳисоб, рӯзнома шумораи хонандаҳои худро беш аз 100 ҳазор нафар расонид. Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоии “фейсбук” ва “одноклассники” саҳифаи махсуси рӯзномаи “Хатлон” кушода шудаанд. Ба ин васила, новобаста ба он ки рӯзнома ҳафтае танҳо як маротиба ба нашр мерасад, дар сомонаи рӯзнома қариб ҳар рӯз хабару мақолаҳо, аксу видеоҳо рӯйи чоп меоянд. Варианти электронии рӯзномаро низ дар шакли ПДФ дар сомонаи расмии нашрия пайдо кардан имконпазир аст.

Давоми соли 2015 китоби Носирҷон Маъмурзода, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», бо номи «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» аз сӯйи нашриёти давлатии «Ирфон» рӯйи чоп омад. Китоби нахустини мудирони шуъбаҳои рӯзномаи «Хатлон» Низомиддин Исоев ва Комрони Бахтиёр бо номи «Навниҳолони боғи сухан» низ нашр гардид. Дар баробари ин, эҷодкорони нашрия Носирҷон Маъмурзода, Комрони Бахтиёр, Ҳангомаи Исмат, Амонҷон Маҳкамов, Низорамоҳи Ҳамид дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявию вилоятӣ миёни журналистон иштирок намуда, пирӯзиҳо ба даст овардаанд.

Новобаст ба он, ки қимати чоп ва хизматрасонии чопхонаҳо боло рафтааст, нархи солонаи обуна ба рӯзнома афзоиш дода нашуд ва чун соли гузашта 60 сомонӣ муқаррар гардид.

Изҳори умедворӣ мекунем, ки иртиботи шумо, алоқамандони рӯзномаи «Хатлон», бо идораи нашрия боз ҳам зичтару беҳтар шуда, дар соли нави 2016-ум ҳамрозу ҳамнафаси якдигар боқӣ хоҳем монд!

Таҳияи Шуъбаи иттилоот ва
омӯзиши афкори оммаи
рӯзномаи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Навниҳолони боғи сухан»

«Навниҳолони боғи сухан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сомонаи рӯзномаи «Хатлон» таъсис ёфт

Сомонаи рӯзномаи «Хатлон» таъсис ёфт

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Нашрияи ҳукумати Хатлон ба интернет роҳ ёфт

Нашрияи ҳукумати Хатлон ба интернет роҳ ёфт

Расонаҳо дар бораи Хатлон
Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Расонаҳо дар бораи Хатлон