Дар як сатр
» » "Мавзунаи дуюм". Нодираро бокс хушбахт кардааст

"Мавзунаи дуюм". Нодираро бокс хушбахт кардааст

3-07-2015, 11:19

"Мавзунаи дуюм". Нодираро бокс хушбахт кардаастНодира Каримова муштзани шуҷоатмандест, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо ба даст овардани ҷойҳои намоёну ифтихорӣ Парчами Тоҷикистонро боло бардоштааст. Ҳоло Нодира ба чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар назар аст моҳи августи соли равон дар Ҷумҳурии халқии Хитой баргузор гардад, омодагӣ дида истодааст.

Нодира Каримоваи 20-сола сокини ноҳияи Бохтар буда, дар вилоят миёни варзишгардухтарони ҳамсолаш ҳамто надорад. ӯ духтари ватандӯст буда, мехоҳад, ки дар рушди варзиши бокс дар Тоҷикистон саҳм гузорбошад. Ва албатта, ин боиси сарфарозист, ки бонувони тоҷик дар баробари мардон мехоҳанд дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифигари миллати сарбаланди мо бошанд.

- Ман аз хурдӣ ба ин навъи варзиш шавқи беандоза доштам, - мегӯяд Нодира. - Соли 2013 пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ин орзуямро ба падарам ошкор кардам. Падари меҳрубонам гуфт: «Нодираҷон, ҳар чизеро, ки худат интихоб намоӣ, ман розӣ ҳастам. Асос ин аст, ки завқе дар дил дошта бошӣ, то дар ин ҷода муваффақ гардӣ».

Бале, ин намуди варзиш хусусан барои зан хеле мушкил аст, вале ман то ҳол бо дасту дили гарм онро давом дода истодам.

Барои муштзани хуб шудани Нодира устоди аввалинаш Бахтиёр Икромов заҳмати зиёд кашидааст. Лаҳзаҳое буданд, ки Нодира аз мушкилии навбатӣ мисли дигар занҳо ашк мерехт. Устод мегуфт: «Шогирд, ғамгин нашав. Оҳиста-оҳиста ҳама усулҳои муҳорибаро меомӯзӣ. Охир, ин қадамҳои аввалини ту ҳастанд. Ман ба ту боварии бисёр дорам».

Суханҳои неки устод бетаъсир намемонданд. Нодира боз бештар тамрин мекард. Аз шавқу шодӣ соати 6-и субҳ ба машқгоҳ ҳозир мешуд.

- Хоҳиши аз толори варзишӣ ба хона баргаштан надоштам, - ба ёд меорад ӯ. - Намехостам, ки як дақиқаи вақти хешро беҳуда гузаронам. Агар вақти холӣ меёфтам, дарҳол дастпӯшакҳоро гирифта, ба бокс машғул мешудам. Дастгириҳои ҳамин устод ва дигарон буд, ки ман ба комёбиҳои назаррас ноил гардидам.

Ҳоло Нодира бо устоди дигари хеш Улфатшоҳ Ҳошимов ба чемпионати Осиё оид ба бокс омодагии ҷиддӣ дида истодааст. Дар ин хусус Ҳошимов чунин гуфт: «Нодира яке аз шогирдони фаъолам аст. Фаҳмиши бисёр хуб дорад. Ҳар як усули боксро дарҳол азхуд мекунад ва пас аз муддате онро дар амал бениҳоят хуб иҷро менамояд. Мо аз ин шогирд сарфарозем ва боварӣ дорем, ки дар мусобиқаи дарпешистодаи Хитой бо ғалабаи навбатӣ моро боз шод мегардонад».

Пайроҳаи варзишии Нодира ҳарчанд ҳоло тӯлонӣ нест, лекин ҷолиб аст. Дар шаҳри Душанбе - ҷой якум, дар шаҳри Хуҷанд - мақоми сеюм ва дар вилояти Хатлон зинаи аввалро фатҳ кард. Айни ҳол ба ҳайси мураббӣ дар маҷмааи варзишии «Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар дасти шогирдон мегирад. Ба онҳо усулҳои волои мушт кӯфтан меомӯзонад. 20 нафаранд онҳо, ки танҳо якеаш мисли худаш духтар аст.

- Ман хеле хушбахтам, - мегӯяд Нодира. - Барои ин аз Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳукумати кишвар миннатдор ҳастам, ки дар ҳаққи мо - варзишгарон ғамхорӣ зоҳир намуда, шароитҳои беҳтаринро фароҳам овардаанд.

- Каримова беҳтарин варзишгарбонуи ноҳияи Бохтар аст, - изҳор дошт Мунаввара Сатторова, мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар. - Агар бисёриҳо ақаллан дар муддати як сол боксро омӯхта, баъд худро андаке муаррифӣ карда тавонанд, ин духтари зебо дар тӯли ҳамагӣ 3-4 моҳи машқ аз худ дарак дод, обрӯйи ноҳияи Бохтарро дар вилояту ҷумҳурӣ баланд бардошт. Барои боз ҳам равнақ додани маҳорату малакааш пайваста аз ҷониби раиси ноҳия дастгирӣ меёбад ва қадрдонӣ карда мешавад.

Мо низ аз ин музаффариятҳои Гурдофариди ҷавони хатлонӣ меболем. Ташаккур ба ҳама падару модароне, ки чунин фарзанд тарбия карда метавонанд.

Комёбиҳои нав ба нав ёрат бод, Нодира!

Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

Ҷавонон ва варзиш, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА