Дар як сатр
» » Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

19-06-2015, 13:31

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавадМасъалаи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати 4 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва таъин намудани интихоботи нав рӯзи 25-уми июн дар иҷлосияи дуюми намояндагони мардумии вилоят ба баррасӣ гирифта мешавад.

Ба иттилои масъулони шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум соати 9-и субҳи 25-уми июн дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад.

Дар баробари пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаҳои интихоботии Норак №10, Бохтар №15, Ёвон №36, Қубодиён №38 ва ташкили комиссияи вилоятии интихобот, дар ин иҷлосия инчунин рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 майи соли 2012, №153 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №128 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Вакилони маҷлиси вилоятӣ ҳисоботи сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғлӣ аҳолӣ дар вилоятро «Оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, ҳифзи он ва қоидаҳои бехатарии меҳнат» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ хоҳанд шунид.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  ...

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Қатъи ваколати Маҳмудов дар Маҷлиси намояндагон

Қатъи ваколати Маҳмудов дар Маҷлиси намояндагон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фардо ваколати вакилони ҷамоатҳо ба охир мерасад

Фардо ваколати вакилони ҷамоатҳо ба охир мерасад

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА