Дар як сатр
» » 14 рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи март

14 рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи март

4-03-2015, 11:02

14 рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи март

Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 14 рӯзи таътил хоҳанд дошт.

Дар ин бора аз Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба рӯзномаи "Хатлон" иттилоъ доданд. Ба қавли манбаъ, азбазки дар моҳи март Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мешаванд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ин рӯзҳои ғайрикорӣ, яъне истироҳатӣ мебошанд.

- Чун Рӯзи модар - 8 март - ба рӯзи якшанбе рост меояд, қарор аст, ки ба ин муносибат рӯзи душанбеи 9 март низ кормандон ва муҳассилон истироҳат дошта бошанд, - афзуд манбаъ. - Ҳамчунин бар асоси қонун, Наврӯзи бостонӣ дар ҷумҳурии мо чаҳор рӯз - аз 21 то 24 январ ҷашн гирифта мешавад. Азбаски 21-22 март ба рӯзҳои шанбею якшанбе рост меояд, рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбеи 25-26 март низ ғайрикорӣ хоҳанд буд.

Ҳамин тавр, дар моҳи март бо шумули рӯзҳои истироҳатии шанбею якшанбе 14 рӯзи ғайрикорӣ хоҳад буд.

Моҳи март дар Тоҷикистон ҳамчунин Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март), Иди Сада (якшанбеи дуюми моҳи март) ва Рӯзи зиёиёни эҷодкор (20 март) таҷлил мешавад, аммо дар қонунгузории кишвар дар ин рӯзҳои ид таътил пешбинӣ нашудааст.

Н. МУСТАФО


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

13 рӯзи истироҳат дар моҳи март

13 рӯзи истироҳат дар моҳи март

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
27-29 июн - се рӯзи таътил

27-29 июн - се рӯзи таътил

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
16 март: Тоҷикистон-Русия (U-19)

16 март: Тоҷикистон-Русия (U-19)

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
27 март: Тоҷикистон - Яман

27 март: Тоҷикистон - Яман

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш