Дар як сатр
» » «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикистон

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикистон

4-03-2015, 09:52

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони ТоҷикистонНашриёти «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги кишвар маҷмӯаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расонид.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг, ин маҷмӯа аз шеърҳои дар васфи баҳор ва Наврӯзи ҳуҷаста эҷоднамудаи шоир иборат буда, барои кӯдакону наврасони тоҷик ҳадяи хуби наврӯзӣ мебошад.

Шоири соҳибноми тоҷик Муҳаммад Ғоиб зодаи Хатлонзамин буда, муаллифи 40 китоби шеър аст. Офаридаҳои назмию насрии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳи деҳа», «Меҳргиёҳ», «Лолаи чашм», «Сурати ишқ», «Дидор», «Сад ғазал», «Гавҳар», «Хоки ватан», «Парчами нанг», «Хирмани гул», «Дарди ширин», «Қиблаи умед», «Каъбаи дил», «Ашки қалам», «Фарёди ёдҳо», «Ифтихор», «Гумгаштапайдо» нашр шудаанд.

Муҳаммад Ғоиб барои хизматҳои шоён дар ташаккули адабиёти тоҷик бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азми нашри 38 китоби бачагона дар соли 2015

Азми нашри 38 китоби бачагона дар соли 2015

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА