Дар як сатр
» » Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

24-02-2015, 07:30

Рушди туризм дар БалҷувонСоли 2015 дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон сохтмони меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Ноҳияи Балҷувон, ки минтақаи туризми байналмилалӣ эълон шудааст, бо мавзеъҳои зебоманзари хеш диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Ба қавли Исуф Ғоибов, сарвари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Сари Хосор соли гузашта беш аз 30 сайёҳи хориҷӣ ва садҳо нафар сайёҳони дохилӣ дар ин мавзеъ истироҳат кардаанд.

Майдони умумии хоҷагии ҷангали Сари Хосор 6095 гектарро ташкил медиҳад ва кормандони хоҷагӣ ҳамасола барои барқарорсозии ҷангалзор ва бунёди қитъаҳои нав кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ягона мушкил барои сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон мавҷуд набудани роҳи мошингард то маркази ҷамоати деҳоти Сари Хосор аст, ки ба қавли масъулон дар ояндаи наздик роҳи ҳал пайдо хоҳад кард.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Бозёфтҳои нодир дар Сари Хосор

Бозёфтҳои нодир дар Сари Хосор

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА