БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав аз рафти истифодаи самараноки замин ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фатҳиддин», воқеъ дар ҷамоати деҳоти «Хуталон», деҳаи Миргузар боздид намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагӣ аз наздик шинос гардида, ба кишоварзон ва масъулин ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тавсияҳои мушаххас доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Фатҳиддин» дар масоҳати умумии 10,76 гектар замин фаъолият дошта, заминҳои он бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи самаранок ба гардиши кишоварзӣ фаро гирифта шудаанд. Роҳбарии хоҷагиро Суюнов Шамсиддин ба уҳда дошта, дар он 8 нафар саҳмдорон кору фаъолият менамоянд.
Дар заминҳои хоҷагӣ 0,65 гектар пиёзи барвақтӣ, 6,3 гектар пахта, 1,0 гектар маккадон, 1,5 гектар зироатҳои полезӣ ва 1,31 гектар дигар намуди зироатҳои кишоварзӣ кишт гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки хоҷагӣ ба истифодаи гуногунсамти замин аҳамияти ҷиддӣ дода, барои таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузорад.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо деҳқонон таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бахусус дар шароити имрӯза, яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, таҷрибаи хоҷагии мазкур ҳамчун намунаи хуб арзёбӣ гардида, зарурати татбиқи чунин усулҳо дар дигар хоҷагиҳо низ таъкид карда шуд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...