Дар як сатр
» » Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

19-10-2017, 09:36

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иди Меҳргон - яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар баробари 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, инчунин идораҳои кишоварзию ҳифзи муҳити зисти вилоят, беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошобинон намуданд.

Дар ҷашни Меҳргон намояндагони та-моми шаҳру навоҳии вилоят дастранҷи худро ба маъраз гузошта буданд. Иди Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзавот, консерву оби мева ва хӯрокҳои миллӣ диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд. Маҳсулоти полезӣ, сабзавот, меваҳои шаҳдбор ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Ҳазорҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон ба тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилоят омада, аз заҳмати барзгарони хатлонӣ, инчунин онҳое, ки дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба коркарди маводи кишоварзӣ машғуланд, ситоиш мекарданд. Фазои намоишгоҳ, дар воқеъ иди фаровонӣ, ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву муҳаббатро мемонд. Иди Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ситоиши иди меҳргон чунин зикр намудаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон он-ро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва фаъолони вилоят аз намоишгоҳи маҳсули деҳқонон ва ҳунарнамоиҳои миллӣ дидан карда, бо маҳсули дастранҷи деҳқонони вилоят шинос шуданд ва ба онҳо баҳои баланд доданд.

Чорабиниро раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз заҳмати кишоварзони вилоят, дастоварди назаррасашон баҳри иҷроиши барномаи соҳавӣ, яъне таъмини амнияти озуқавории кишвар, ҳамчунин рушди инноватсионии соҳаҳои кишоварзӣ ёдовар гардид.

Вилояти Хатлон минтақаи мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, - гуфт раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода. - Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзавот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ як гоми муҳиме дар таъмини амнияти озуқаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Агар дар моҳи аввали баҳор оғози кишту кори зироатҳои кишоварзӣ бошад, рӯзи Меҳргон мавсими ҷамъоварии ҳосил аст.

Дар идома, раиси вилоят гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон зиёд шуда, дар маҷмӯъ дастоварди калон мебошад. Имрӯз ғуну чини пахта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, якчанд шаҳру навоҳӣ аввалинҳо шуда, нақшаи дурнамои пахтаро бо ҷамъоварии ҳосили хуб таъмин намуданд. Мехостам огоҳ намоям, ки тибқи маълумоти оморӣ то 15 октябри соли ҷорӣ беш аз 215 ҳазор тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудаст, ки ин зиёда аз 86 фоизро ташкил медиҳад. “Боиси ифтихор аст, ки пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Фархор, Данғара, Бохтар ва Ёвон аз иҷрои дурнамои пахта бо сарбаландӣ баромаданд”, - идома дод Д. Гулмаҳмадзода.

- Дар самти истеҳсоли маҳсулоти полезӣ низ дастовардҳо зиёд буда, ҳосилнокӣ нисбати соли гузашта баланд аст. Албатта, кӯшиш намоем, ки вилояти Хатлонро аз вилояти аграрӣ ба вилояти саноатию аграрӣ табдил диҳем”, - таъкид намуд раиси вилоят.

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Раиси вилоят ҳамчунин гуфт, ки ҷамъоварии ҳосили 96 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва чиниши пахта муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Боварӣ дорам, ки тамоми мардуми вилояти Хатлон ба кишоварзон аҳсант гуфта, дар ҷамъоварии ҳосили боқимонда низ саҳмгузор мешаванд. Бигузор, кишварамон доимо обод ва тинҷу осуда бошад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз озмуни вилоятии «Оши палав» ва «Кадбонуи моҳир» доир гардида, ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар озмуни вилоятии «Оши палав» Олим Мадаминов аз ноҳияи Ёвон, ғолиби озмун гардида, бо мукофоти “Кафгири заррин” қадрдонӣ карда шуд. Инчунин, ҷойи якум, насиби Нишон Тухтамишев аз ноҳияи Вахш, гардида, соҳиби 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм, насиби Абдураҳмон Файзуллоев аз ноҳияи Данғара, гардида, соҳиби 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм, насиби Мирзо Асламов аз ноҳияи Фархор, гардида, соҳиби 1000 сомонӣ гаштанд.

Дар озмуни «Кадбонуи моҳир» ҷойи якум, насиби Ҷамила Бобоева аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ҷойи дуюм, насиби Моҳитобон Хоҷаева аз ноҳияи Қубодиён, ҷойи сеюм, насиби Азизхоним Самиева аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардида, бо мукофоти пулӣ мутаносибан 1500, 1000 ва 500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, Музаффар Назаров ошпаз аз шаҳри Норак, Баҳром Худойназаров ошпаз аз ноҳияи Шаҳритуз, Айнулло Сафаров ошпаз аз ноҳияи Ховалинг, Сафар Носиров ошпаз аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳунармандони беҳтарин Моҳшариф Шарипова, аз ноҳияи Восеъ, Фирӯза Бедилова, аз шаҳри Сарбанд, Раҷабмо Гулова, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Аслиддин Раҷабов роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сорбон», аз ноҳияи Панҷ, Раҳматшоҳ Алиев роҳбари ҳоҷагии деҳқонии «Қадамшоҳ», аз ноҳияи Муъминобод, Фозил Умаров роҳбари хоҷагии «Умархонбобо», аз ноҳияи Носири Хусрав, Неъматулло Қурбонов роҳбари хоҷагии деҳқонии «Фирдавсӣ», аз ноҳияи Дӯстӣ, Шерхон Аминов роҳбари хоҷагии деҳқонии «Раббонӣ», аз ноҳияи Ёвон, Абдуғафор Абдураҳмонов роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сафаралӣ», аз шаҳри Кӯлоб, Ҳабибулло Мирзоев роҳбари хоҷагии деҳқонии «Иқбол», аз ноҳияи Ҷайҳун, Сафархон Зоғаков роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳаким», аз ноҳияи Балҷувон, Шариф Назиров роҳбари хоҷагии деҳқонии «Баҳорак», аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Боиси ёдоварист, ки иди Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвариш намудаи марди деҳқон мебошад. Ҳамчунин, дар ин рӯз барномаҳои фарҳангию театрӣ манзури меҳмонону иштирокдорон гардонида шуд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»


Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздиди Роҳбари мамлакат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрок ...

Боздиди Роҳбари мамлакат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрок ...

Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ
Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии

Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Д ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ
Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА