Либоси миллӣ - ифтихори миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 197
![]()
Дар замони Истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу ҳунар ва арзишҳои миллии тоҷикон эҳё гардидаанд.
Сарвари давлат ба занону духтарони тоҷик таъкид менамоянд ки ба либоси миллӣ эҳтиром гузошта, зебоии табиии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ муаррифӣ намоянд: «Либоси миллӣ ифтихори миллист. Занони мо бояд ҳамеша дар фикри ҳифзи фарҳанги худ бошанд. Зебоӣ аз одоб, покизагӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад».
Ҳифзи асолати миллӣ ва зебоӣ, бахусус эҳтиром ба либоси миллӣ, аҳамияти хоса касб намудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти либоси миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ борҳо таъкид намудаанд. Аз ҷумла дар мулоқот бо намояндагони фарҳанг ва аҳли ҳунар чунин таъкид доштанд: «Либоси миллӣ на танҳо рамзи ҳувияти миллӣ, балки нишонаи фарҳанги волои ниёгон ва зебоипарастии халқи мо мебошад».
Мутаассифона, дар замони муосир баъзе ҷавонон дар пайравӣ аз фарҳангҳои бегона ба пӯшидани либосҳое рӯ меоранд, ки бо ахлоқ ва тарзи зиндагии миллии мо созгор нестанд. Дар ин робита Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд: «Мо бояд фарҳанги либоспӯшии миллиро эҳё ва тарғиб намоем ва нагузорем, ки фарҳанги бегона ҳувияти миллии моро заиф созад».
Ҳар як шаҳрванди бедордил бояд шарафу эътибори худро дар ҳифз ва арҷгузории анъанаҳои миллӣ нишон диҳад. Зеро либоси миллӣ таҷассуми зебоии табиӣ, асолати таърихӣ ва руҳии миллати мост.
Пӯшидани атласу адрас, чакан, тоқиҳои гулдӯзишуда ва куртаҳои миллӣ ба шахс намуди зебо ва дар айни замон эҳтироми амиқ ба миллат ва фарҳангро мебахшад.
Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як хонавода ва муассисаҳои таълимӣ он аст, ки насли наврасро ба эҳтироми либоси миллӣ ва дурӣ аз тақлиди кӯркӯронаи фарҳангҳои бегона тарбия намоянд. Чуноне ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Тарбияи ахлоқӣ ва зебоипарастӣ аз оила ва мактаб оғоз мешавад». Ҳифзи фарҳанги либоспӯшӣ, ки ҳамчун ганҷи бебаҳо аз насл ба насл расидааст, рисолати ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Бо ташаббус ва дастури Пешвои миллат, дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, ба монанди "Фестивали либоси миллӣ" ва иқдоми "Мо тоҷикона мепӯшем" баргузор мегарданд. Ҳадафи ин чорабиниҳо танҳо намоиши зебоии зоҳирӣ нест, балки баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Либоси миллӣ таҷассумгари таърих, фарҳанг ва асолати миллати тоҷик аст. Пӯшидани либоси миллӣ нишонаи ҳисси баланди ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои гузаштагон мебошад. Ҳар як духтари тоҷик вақте либоси миллиро ба бар мекунад, бо зебоии худ на танҳо худро, балки фарҳанги бостонӣ ва симои модари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад.
Имрӯз занону духтарони тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Онҳо бо зебоӣ, фарҳанги баланд ва эҳтироми самимӣ ба либоси миллӣ намунаи ибрат барои ҷомеа мебошанд.
Мунавваршои Зафар,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...