Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Иммунизатсия. Таъминкунандаи саломатии инсон


Иммунизатсия. Таъминкунандаи саломатии инсон



Иммунизатсия  раванде  мебошад,  ки  тавассути  он  масунияти бадан дар натиҷаи гузаронидани ваксина баланд шуда, ба  бемориҳои  сироятии  бо  воситаи  ваксина  идорашаванда таъсирнопазир мегардад.

Миллионҳо  одамон  то  давраи  истифодабарии  иммунизатсия  ҳамчун усули  пешгирии  бемориҳои  сироятшаванда  гирифтори  бемориҳои  гуногуни  сироятӣ  шуда,  аксарият  ба маъюбшавӣ  ва  қисме,  ҳатто  ба  марг мерасиданд. Тавассути иммунизатсия инсоният  тавонист  аз  бемориҳои  сироятии хатарнок: нағзаки табиӣ (натуральная  оспа),  гулӯзиндонак,  фалаҷ, сурхча ва ғайраҳо раҳоӣ ёбад. 

Иммунизатсия  яке  аз  самтҳои асосии  соҳаи  тиб  ба  шумор  рафта, мақсади  асосии  он  таъмин  намудани солимии ҷомеа мебошад. 

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар  зидди  10  намуд  бемориҳои сироятӣ,  аз  ҷумла  бемориҳои  фалаҷ (полиомиелит), гепатити В, сил, кабутсулфа, гулӯзиндонак, кузози навзодон, сирояти гемофилии намуди b, сурхча, гулафшон ва диареяи кӯдакон, ки сабабгорашон  ротавирусҳо  мебошанд, иммунизатсия гузаронида мешавад.

Баъзе  намудҳои  иммунизатсия танҳо  як  маротиба,  баъзеаш  вобаста  ба  хосияти  иммунобиологиашон, якчанд  маротиба  дар  давоми  ҳаёти кӯдак гузаронида мешаванд. Муҳимаш он аст, ки кӯдак бояд мувофиқи нақша ҳамаи  намуди  иммунизатсияро  қабул кунад. 

Аз ин лиҳоз, кӯдак дар таваллудхона  дар  давоми  24  соати  аввали  баъ-ди таваллуд бояд иммунизатсяро бар зидди бемориҳои фалаҷ ва гепатити В қабул кунад. Дар рӯзҳои 3-юм ва 5-уми баъд аз таваллуд бошад, бар зидди бемории  сил  иммунизатсия гузаронида мешавад. Баъдан, дар 2, 3 ва 4-моҳагӣ кӯдакон бар зидди бемориҳои фалаҷ, кабутсулфа,  гулӯзиндонак,  диятерияи навзодон, сирояти гемофилии намуди b ва диареяи кӯдакон, ки сабабгорашон ротавирусҳо мебошанд, бо вояҳои 1, 2 ва 3-юми ин ваксинаҳо фаро гирифта мешаванд. Дар 12-моҳагӣ бошад, иммунизатсияро бо вояи 4-уми ваксинаи зидди  фалаҷ  ва  вояи  1-уми  ваксинаи сурхча/гулафшон  мегиранд. 


Баъд  аз 1-солагӣ  (дар  давоми  16-23-моҳагӣ) дар кӯдакон иммунизатсияҳои такрорӣ бо  ваксинаҳои  АКДС,  сурхча  /гулафшон  ва  дар  6-солагӣ  вояи  такрории сурхча/гулафшон) дар якҷоягӣ бо ваксинаи  АДС  (яъне  зидди  бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) гузаронида мешавад.  Саривақт,  мувофиқи  Нақшаи иммунизатсия гирифтани ҳар як ваксина, масунияти баланди кӯдаконро бар зидди  бемориҳои  сироятии  идорашаванда таъмин менамояд. Ҳар як падару модар оид ба гузаронидани  иммунизатсия  аллакай  дар таваллудхона огоҳӣ меёбанд. 

Кормандони  тиб  баъд  аз  гузаронидани  иммунизатсия  ба  волидайн Шиносномаи  иммунизатсияи  кӯдакро тақдим  мекунанд.  Шиноснома  ҳамчун ҳуҷҷати хотиррасон оид ба иммунизатсия  ба  волидайн  хизмат  мерасонад. Ҳангоми  шиносоӣ  бо  ин  ҳуҷҷат  волидайн  ба  ҳама  саволҳои  худ  нисбати иммунизатсия маълумоти пурра пайдо менамоянд. 

Дар  ин  ҳуҷҷат  ному  насаби  кӯдак, санаи  таваллуд,  ҷойи  истиқомат,  муассисаи  хизматрасон,  сабти  иммуни-затсияи  кӯдак,  маълумот  дар  бораи бемориҳои  сироятие,  ки  ба  воситаи иммунизатсия  идорашавандаанд  ва моҳияти  гирифтани  иммунизатсия дарҷ шудааст. 

Аз  ҳама  муҳимаш  он  аст,  ки  корманди тиб дар ин ҳуҷҷат санаи гирифтани  вояи  навбатии  иммунизатсияро қайд  мекунад  ва  аз  волидайн  хоҳиш менамояд, ки бо шиноснома ба муассисаи тиббии маҳалли зист дар санаи қайдшуда ҳозир шаванд. 

Дар  муассисаи  тиббӣ  ба  ҳар  як кӯдак корти қайди иммунизатсия (шакли 63) пур карда, иммунизатсия аз тарафи  корманди  соҳибтаҷрибаи  тиббӣ дар муассисаи тиббии ҷойи зист ройгон гузаронида мешавад. 

Волидайн  баъд  аз  иммунизатсия бояд  дар  муддати  15-20  дақиқа,  то ором шудани кӯдак, дар ҳудуди муассисаи  тиббӣ  монад.  Ба  ҳар  як  волидайн  дастур  дода  мешавад,  ки  баъд аз  гузаронидани  иммунизатсия,  пеш аз ҳама, ба ҳолати умумии кӯдак, назорати  ҳарорати  бадан  ва  ҷойи  гуза-ронидани тазриқ (ҷойи сӯзангузаронӣ) диққат диҳанд. 

Онҳо  набояд  аз  баланд  шудани ҳарорати бадан, бемадорӣ ва инҷиқии кӯдак  муддати  2-3  рӯз  дар  изтироб бошанд.  Зеро  ин  ҳолати  муқаррарии аксуламали  бадан  нисбати  вояи  гузаронидашуда  мебошад,  ки  ҳосилаш  пайдоиши масунияти қавии бадан мебошад. Ҳарорати баланди  баданро  набояд  бо  дорувориҳои ҳароратпасткунанда  паст  намоянд,  чунки барои  пайдо  намудани  масунияти  табиии бадан монеагиҳо ба вуҷуд меоранд. Баландшавии  ҳарорати  бадан  баъд  аз  гузарони-дани иммунизатсия то ба 380о муътадил ба ҳисоб меравад. 

Бояд  қайд  кард,  ки  дар  амалиёти тандурустӣ  ҳолатҳои  дасткашии  волидайн аз  иммунизатсия  ба  назар  мерасад.  Имрӯз мо,  бешубҳа,  гуфта  метавонем,  ки  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  моҳияти  иммунизатсияро хело хуб дарк мекунанд. Мутаассифона, ҳастанд ҳодисаҳое, ки аз тарафи падару модарон барои гузаронидани иммунизатсия монеа  эҷод  мегардад,  ҳарчанд  дар  байни аҳолӣ  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  тариқи  нашр намудани  варақаҳо,  буклетҳо  ва  лавҳаҳои деворӣ, инчунин ба тариқи воситаҳои ахбори омма хуб ба роҳ монда шудааст. 

Оқибатҳои  дасткашӣ  аз  иммунизатсия барои  ҳар  як  кӯдак  бисёр  ташвишовар  аст. 

Зеро, пеш аз ҳама, чунин кӯдакон дар ҳолати дучор  шудан  бо  барангезандаҳои  беморӣ зуд  ва  ба  осонӣ  ба  ин  бемориҳо  гирифтор мешаванд, чунки дар бадани онҳо масуният нисбати  пешгирии  беморӣ  вуҷуд  надорад. 

Паҳлуи  дигари  дасткашӣ  аз  иммунизатсия дар  он  аст,  ки  новобаста  аз  он,  ки  чунин кӯдакон  худ  бемор  мешаванд,  дар  навбати худ  сабабгори  паҳншавии  бемориҳо  гашта, дигаронро зери хатар мемонанд. 

Шаҳрвандон  бояд  хуб  дарк  намоянд, ки  танҳо  дар  мавриди  ба  пуррагӣ  фарогирии  кӯдакон  бо  иммунизатсия  мо  метаво-нем  пеши  роҳи паҳншавии  бемориҳоро гирем. 

Парвиз Абдулазиззода,
роҳбари муассисаҳои КАТС-и
шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода