Содиқ ба касб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 341
![]()
Воқеан ҳам, шахсе, ки дар ҷодаи интихобкардаи хеш талошу заҳмати софдилона мекунад, ҳатман дар байни ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтироми хоса мегардад.
Ҳар як фард дар зиндагӣ аз синни наврасӣ дар қалби худ як касберо мепарварад, ки оянда аз касби пешакардааш соҳиби эҳтиром гардад.
Манучеҳр Нодиров, омӯзгори фанни забони англисии МТМУ 13-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз зумраи он нафароне мебошад, ки ба касби интихобкардааш содиқ аст. Ин навбат аз рӯзгору фаъолияти яке аз омӯзгорон Манучеҳр Нодиров, ки сенздаҳ сол инҷониб дар муассиса ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ кору фаъолият до-рад қисса мекунем.
Ӯ 19 январи соли 1990 дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти “Меҳробод”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро соли 1996 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 - и деҳаи номбурда оғоз намуда, онро соли 2007 хатм намудааст ва худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар факултаи филология, шуъбаи забо-ни хориҷӣ супоридааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ дар ҷодаи омӯзгорӣ аз соли 2012 оғоз гардидааст.
Манучеҳр касби омӯзгориро аз ҳама волотар гузошта, шабу рӯз қувваи эҷодӣ сарф мекунад. Оғози ҳар кор мушкилии зиёд дорад, ба хусус пешаи омӯзгорӣ. Танҳо нафари пуртоқату босабр омӯзгор шуда метавонад. Манучеҳр Нодиров аз аввали фаъ-олияти омӯзгорӣ шогирдони зиёдеро таълим дода, дар озмунҳои фаннӣ - забони англисӣ тайёр намуда дар сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
Аз соли 2013 то соли 2016 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, иҷрокунандаи вазифаи директори муассиса фаъолият намудааст. Вале муҳаббат ба касби омӯзгорӣ ӯро намуд, ки дар соҳаи педагогика боз ҳам маълумотҳои иловагӣ гирифта, китобҳои зиёдеро мутолиа кунад.
Ӯ аз соли 2016 то соли 2020 дар озмуни "Омӯзгори сол" ширкат варзидааст ва сазовори ҷойи аввал шуда, бо сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон қадрдонӣ гардидааст ва ҳамчунин дорандаи тахассуси олӣ мебошад. Саҳми омӯзгор дар ҷомеа барои вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, ободонию созандагӣ ва дар таълиму тарбияи насли ҷавон нақши назаррас дорад.
Нодиров Манучеҳр воқеан ҳам инсонест хоксору заминӣ, фардест, оромтабиат, нармдил ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ. Ӯ дар тӯли фаъолияти омӯзгориаш даҳҳо омӯзгорони ҷавонеро, ки соли аввал ба кор шуруъ мекунанд, роҳнамоӣ намуда, ба онҳо нозукиҳои касби омӯзгориро меомӯзонад.
Қаҳрамони матлаби мо ғайр аз оне, ки дар муассиса фаъолият мекунад, инчунин сарварии ширкати такмили омӯзиши "Забони англисӣ"-ро ба дӯш дорад ва садҳо шогирдонро забондонӣ меомӯзонад.
Манучеҳр ба ҷавониаш нигоҳ накарда, худро фидои пешаи омӯзгорӣ кардааст. Ӯ ҷавони серталошу пур энерҷӣ буда, пайваста аз пайи ҷустуҷӯи илм аст.
хуррам МАҲМАДҚУЛОВ,
омӯзгор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...