Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дарси зиндагӣ аз як деҳаи хурд


Дарси зиндагӣ аз як деҳаи хурд




Фарҳанги  муошират,  одобу  рафтор ва  эҳтироми  ҳамдигарӣ  яке  аз  арзишҳои муҳими зиндагии ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Он дар муҳити солим ташаккул меёбад ва бештар  аз  ҳама,  ба  тарбияи  хонаводагӣ ва  мавқеи  калонсолон  вобастагӣ  дорад. Калонсолон,  агар  худ  намунаи  одобу  ахлоқ бошанд, бидуни шубҳа, ҷавонон низ аз онҳо ибрат хоҳанд гирифт.

Солҳо қабл ба яке аз деҳаҳои вилояти Хатлон  рафта  будем.  Аввалин  чизе,  ки  моро  ба ҳайрат  овард,  ин  буд,  ки  хурду  бузурги  деҳа, ҳатто кӯдакони мактабхон бо дидани мо ҳатман салом медоданду аҳволпурсӣ мекарданд. Дар зиндагии шаҳрӣ, ки он вақт доштем, чунин муносибат хеле кам дида мешуд ва ростӣ, ба одамони атроф ҳатто аҳамияти зиёд намедодем.

Пас  аз  чанд  лаҳза,  марди  миёнсоле  ба наздамон  омада,  бо  эҳтиром  худро  раиси маҳалла муаррифӣ кард. Ӯ гуфт:

- Калонсолони деҳа ба ман хабар доданд, ки чанд ҷавони навомада ба онҳо ҳамчун нишони эҳтиром салом надоданд. Ман гуфтам, ки дар деҳаи мо чунин ҷавонон нестанд ва хостам бифаҳмам, ки шумо кистед.

Ин сухан ба мо таъсири бузург расонд. Ҳам аз он ки рафтори мо нохудогоҳ  ба  назар  афтодааст, шарм  кардем  ва  ҳам  дарк  намудем,  ки  фарҳанги  муошират  дар ин  деҳа  воқеан  баланд  аст.  Он зери  назари  калонсолон  қарор дорад ва ҷомеа аз байни худ, бо эҳсоси масъулият онро пос медорад.

Аз он рӯз то кунун, ки наздик ба  даҳ  сол  гузаштааст,  ман  ин воқеаро фаромӯш накардаам. Он сабақ ва дарси зинда аз фарҳанги муоширату  эҳтироми  ҳамдигарӣ буд.

Калонсолон  на  танҳо  пиру рӯзгордидаанд,  балки  роҳнамо, мураббӣ  ва  посдори  ахлоқ  ва фарҳанги  ҷомеа  низ  ҳастанд. Агар онҳо бедор бошанд, наслҳои ҷавон ҳаргиз аз роҳи одобу ахлоқ берун нахоҳанд рафт.

Д. ҚУРБОН, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода