Дар як сатр
» » Шаш нақши муҳими зан

Шаш нақши муҳими зан

6-03-2017, 08:09

Шаш нақши муҳими зан

ЗАН - МОДАР

«Нақши модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН


Модар будан истеъдод аст, истеъдоди фавқулода! Модар будан қурбонӣ мехоҳад ва самараи ҷоннисориҳои ӯ фарзандони номовараш ҳастанд. Ҳамон замон модар худро тинҷуором, хушбахту осуда эҳсос мекунад, ки нақшҳои офаридаи гирди домонаш ӯро зеб медиҳанд, аз гармии офтобу аз расидани об рангҳояшон тира нагарданд. Ана ҳамин гулҳо, яъне фарзандон, дунёи модаранд, ки гирди домони ӯ нақшофарӣ шудаанд. Дунёи модар, дунёи пур аз мушкиливу ранҷу заҳматҳо, дунёи сабру таҳаммул, шабзиндадориву бахшиданҳост. Биноан, тавре шоир Латофат мегӯяд, «модар фариштаи пок аст. Озоре аз ӯ бинӣ, бубахшо. Дурӯғе гӯяд, рост пиндор. Ранҷе диҳад, ба дил нагир. Ҳар гуноҳи модар, ба хотири накуӣ ба фарзанд аст». Он ҳама ранҷу кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад, дар як паллаи бузургтарин тарозуи Адолати дунё ҳамеша вазнинтар аст. Бори ҳамвазни он танҳо як пора дили меҳрубони фарзанд буда метавонад.

ЗАН – РОҲБАР

«Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муайян намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН


Занони роҳбар ба кор ҷиддӣ менигаранд. Гарчанде онҳо нисбат ба мардон масъулиятҳои зиёдтаре доранд, аммо дар роҳбарӣ аз онҳо корро чун мардон талаб менамоянд. Ҳар зане, ки роҳбар аст, маънии онро дорад, ки ҷасуру нотарс аст. Зеро дар баробари чанд рисолати муҳиме, ки зан ба иҷро мерасонад, дар мақоми роҳбарӣ ҳам бо боварӣ ба худ кор мекунад. Ҳатто ба ҷиддикор будани занон Роҳбари давлат низ эътимод дораду эътиқодманд аст ва аз ин ҷост, ки мақому манзалати онҳоро рӯз то рӯз баландтар мебардорад. Сирри муваффақияти занони роҳбар дар он аст, ки онҳо дар баробари сиёсатмадор будан, ҳалиму нармгуфторанд. Зеро табиати зан-модар ширингуфториву дилёбиро талаб мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки занон дар зинаҳои роҳбарӣ ба комёбиҳо ноил мегарданду маҳбуби ҳамагон мешаванд.

Зани хубу фармонбари порсо
Кунад марди дарвешро подшоҳ.


ЗАН – ҲАМСАР

«Лайлиро бояд чашми зебописанди Маҷнун интихоб кунад».
Абдулҳамид САМАДОВ,
нависанда

Баробари ҳамсар интихоб шуданаш, ба дӯши зан масъулиятҳои зиёде бор мешавад. Ҳамсар будан ҳанӯз маънии ҳамдил буданро на
дорад. Бояд ҳамсар не, ҳамдилро интихоб кард. Дар баробари вазифаҳои ҳамсарӣ омӯхтани хислат, рафтор, табъу завқи як нафари дигар кори саҳлу осон нест. Ҳамон замон ҳамдили ӯ мешавӣ, ки ӯро пурра омӯхтаӣ. Нақши ҳамсарӣ аз он хотир душвор аст, ки Худованд назди зан масъулиятҳои зиёдеро гузоштааст. Ҳатто биҳишти занро вобастаи ризои шавҳар ва биҳишти ҳама инсонҳоро бо баъзе хусусиятҳо, аз ҷумла наслофарӣ, зери қадамҳои модарони арҷманд гуфтааст. Абармарде гуфта: «Омӯхтани зан шавҳари хешро ва муҳаббати ҳамдигарӣ ин ду нафарро баъди якчанд соли зиндагии бо ҳам зоҳиру ботинашонро ба ҳам монанд месозад». Яъне рӯйи саҳнаи зиндагӣ зан бояд беҳтарин ҳунарманд ва шавҳару фарзандон мухлисони асили ӯ бошанд, зеро зани хуб барои мард неъмат аст.

ЗАН – ХУШДОМАН

Ту бо роҳи тамизу ақлу тамкин
Бикун хизмат, зи хушдоман дуо гир…


Ҳарчанд калимаи «хушдоман» аз решаи «хуш» гирифта шудааст, аммо гоҳе мардум дар бораи хушдоман ба оҳанги манфӣ суҳбат мекунанд. Баробари гирифтани номи хушдоман симои як зани бадқаҳру пурғазаб пеши рӯ меояд. Қобили таъкид аст, ки хушдоман низ модар аст, модари келину домод. Хушдоман низ бояд домони хуш дошта бошад ва дар он домон нафареро, ки аз хислату рафтор, гуфтору пиндори ӯ бехабар аст, оҳиста-оҳиста ба дунёи худ мутобиқ намояд ва парвариш кунад. Хушдоман вақте ба хотири хушбахтии фарзанд муҳити мувофиқро барои келин муҳайё месозад, ӯро ҳамеша дарк мекунаду чун модар ғамхор мешавад, бо гуфтору рафтор, муҳаббату муносибати ӯро бо дигар аъзои оила қавитар месозад, ба ҳар як кори майда-чуйда эрод намегираду чун фарзанд тавсифаш менамояд. Дар ин сурат ҷойи шубҳа ва бадбинии хушдоман намемонад. Зеро ҳастанд келинҳое, ки хушдоманро чун модари хеш дӯст медоранд ва ин аз малакаву маҳорат, поктинативу хайрандешии хушдоман дарак медиҳад. Агар аз уҳдаи ин нақш барояд, бурди ӯст ва муваффақ мешавад, агар не, бар зарари ӯ хоҳад буд.

ЗАН – КЕЛИН

«Зан пайкараи умеди сабр аст…»
ГУЛРУХСОР


Табиати мардуми Шарқ ҳамин аст, ки мо вақте келин мегӯем, як ҷавонзани сархаму фармонбардор, гапдарову хизматгорро тасаввур мекунем. Ба пиндори баъзеҳо, баъди сад сол ҳам ҷойи нишасти ӯ дар хонавода бояд аз ҳама поёнтар бошад. Келин ҳамон вақт ба мо хуш меояд, ки ҳамеша аз пайи хизмат бошаду ба масъалаҳои оилавӣ ва тасмимгирӣ дар хона дахолат накунад, «келин» буданашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозад. Аммо фаромӯш мекунем, ки келин ҳам фарзанди мо ва як узви оила, давомдиҳандаи насли авлоди мост. Ҳамон замон ба хатои худ иқрор мешавем, ки духтарамонро дар хонаводаи дигар чун фарзанд қабул намекунанд…

ЗАН – ДУХТАР

Эй баҳори орзуи насли фардо, духтарам,
Эй фурӯғи ишқ аз рӯйи ту пайдо, духтарам.
Бо мудоро мешавад осуда дил, пас кун бино
Пояи рафтори худро бар мудоро, духтарам.


Духтар низ дар хонавода бояд хуб тарбия ёбад, ҳунар омӯзад, сабру таҳаммул, одоби муошират, рафтори шоистаро аз худ кунад. Ҳамон қадар духтар омӯзад нозукиҳои рӯзгорро, дар оянда пешпо нахоҳад хӯрд, зеро ӯ низ ба як хонаводаи дигар келин шуда меравад. Баъзан мо андеша дорем, ки духтар бояд ҳар тавре ки хоҳад, дар хонаи падар зиндагӣ кунад. Аммо бояд ҳар чиз андоза дошта бошад, эркагӣ ҳам. Дар тарбияи фарзанд бояд ҷиддӣ буд, дар тарбияи духтар ҷиддитар. Зеро бо мурури вақт муҳити оилавии ӯ дигар мешавад, ба хонаводаи дигар меравад. Маҳз хушодобӣ, сабурӣ, дурандешӣ ӯро ба қуллаи мақсуд хоҳад расонид.

Иҷрои ҳар яке аз шаш нақши муҳимме, ки Худованд барои занҳои арҷманди мо лоиқ дидааст, сабурию азхудгузаштанҳоро талаб менамояд. Модар бо азамату шони худ қудрати бардошти бори ин ҳама масъулиятро дорад. Зан омода аст хешро дар иҷрои ин рисолатҳо қурбон бисозад.

Зиҳӣ, модар! Зиҳӣ, зан! Зеро то ту ҳастӣ, сабурию шуҷоат, муҳаббату садоқат ва файзу баракат дар дунё боқӣ хоҳад монд!

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ
Келини таҳсилдида мехоҳам

Келини таҳсилдида мехоҳам

Маориф ва илм, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД