ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 121
Дар замони муосир террористон ақидаҳои ғалату ифротии худро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Дар ин росто мубориза бо ин равияи бисёр хатарноку даҳшатафкан аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта пурзӯр мегардад, махсусан таҳлилгарони сиёсӣ. Онҳо ба он ақидаанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз ҷиноят ва амалҳои террористиву ифротгароӣ таъсири амиқи воситаи ахбори умум аст.
Воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир василаи тавоноӣ, ташаккул, паҳн гаштан ва умуман, инкишофи маданияти оммавӣ гардидаанд. Инкишофи шуури ҷамъиятиро бе иштироки фаъоли воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки ВАО ба мафкураи мардум сахт таъсиррасон мебошад. Андешаҳои номатлуби баъзан шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеа таъсири бад мерасонад ва он аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ мавриди сӯиистифода қарор мегирад.
Имрӯз гурӯҳҳо, ташкилотҳо ва ашхоси алоҳидаи мансуб ба гурӯҳи террористӣ пайваста мекӯшанд, ки фикру ақидаи мардумро бо ғоя ва ғаразҳои нопоки худ дигаргун сохта, ба ҳамин тарз ҳадафу манфиатҳои ботил ва ҷоҳталабонаи худро амалӣ созанд. Дар ин ҳол нақши ВАО ва таъсири амиқи он ба мафкураи ҷамъиятро наметавон нодида гирифт. Вазифаи аввалиндараҷаи воситаҳои ахбор омма пешгирӣ намудан аз амалҳои террористӣ мебошад. ВАО бояд бо ин амалҳои номатлуб қотеона мубориза барад. Он набояд чунин андешаҳои ғаразноки гурӯҳҳои террористиро дар худ ҷой диҳад. Ба ҳар рафтору гуфтори носолими онҳо вокуниш нишон диҳад.
Чун аксари мардум аз телевизион, радио, рӯзнома ва шабакаи интернетӣ васеъ истифода мебаранд, ташкилотҳои террористӣ низ мақсад гузоштаанд, ки ба воситаи ВАО нақшаҳои худро амалӣ созанд. Дар ҳар баромад ва сухангӯиҳое, ки аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои террористӣ ва гумоштагону гумроҳнамудаҳои онҳо ба намоиш гузошта мешавад, рӯзноманигоронро лозим меояд, ватандӯстона, бидуни пешбинии ғараз ва манфиат матлабҳои таҳлиливу интиқодиро чоп, ё ба намоиш гузошта, ҳар як амали онҳоро шадидан маҳкум намоянд. Ҳамкории ҳамаҷонибаро бо равшанфикрону зиёиён, сиёсатмадорон, мутахассисон ва уламои дин, ки дар назди ҷамъият ва давлат эҳтирому қадр доранд, ба роҳ монанд, ки ин аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Хулоса, ВАО дар раванди сиёсӣ бениҳоят таъсиргузор аст ва он бояд аз тарафи тамоми қишрҳои солими ҷомеа дар мубориза ба муқобили амалҳои номатлуб, махсусан, ифрот-гароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ, яъне терроризм истифода шавад.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
мудири кафедраи журналистикаи ДДК
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00