Китобҳои нав барои алоқамандони забону адабиёти тоҷик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 202
Дар нашриёти “Матбаа”-и шаҳри Бохтар китобҳои нави номзади илмҳои филологӣ, муҳаққиқ Раҷабалӣ Худоёрзода “Вожаномаи мухтасари ғазалҳои Ҳофизу Бедил” ва “Роҳу усулҳои забономӯзӣ” ба табъ расиданд.
Тавре ки муаллиф дар пешгуфтори “Вожаномаи мухтасари ғазалҳои Ҳофизу Бедил” қайд мекунад, вожаномаи мазкур ба хотири ба хонандаи имрӯз осонфаҳм гардонидани матолиби истиоравӣ, киноявӣ, рамзу роз, печидагии баён, пӯшидагии маъно, душвории забон ва мураккабии услуби Ҳофизу Бедил омода шудааст.
“Вожанома...”-и мазкур аз ду қисм иборат буда, хонандаро барои ба олами маъниву мазмунҳои ашъори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил сарфаҳм рафтан роҳнамоӣ мекунад.
Маҷмӯаи мақолаҳои “Роҳу услубҳои забономӯзӣ”, ки аз 118 саҳифа иборат аст, барои омӯзгорон, донишҷӯён, кормандони соҳаҳои фарҳангу маориф тавсия гардидааст. “Вожаҳои паҳлавӣ дар “Вис ва Ромин”-и Фахриддини Гургонӣ”, “Калимаҳои туркиву муғулӣ дар забони тоҷикӣ”, “Калимаҳои иқтибосии ҳиндӣ дар забони тоҷикӣ”, “Калимаҳои иқтибосии юнонӣ дар забони тоҷикӣ”, “Аз “гули патунӣ”-и португалӣ то “мӯйӣ-мӯйӣ”-и гурҷӣ”, “Омӯзиши забони тоҷикӣ дар дунёи имрӯз”, “Чаро забони модариро хуб намедонем?”, “Забонро пок мебояд нигаҳ дошт”, “Забони яғнобиро ҳифз мебояд кард”, “Калимаҳои яғнобӣ дар шеваҳои тоҷикӣ”, “Эҳтироми забон эҳтироми миллат аст”, “Аҳмад Зоҳир - тарғибгари забони форсӣ”, “Калимаҳои тоҷикии арабишуда”, “Бартариҳои “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”-и нав”, “Хатти ниёгон ва аҳамияти омӯзиши он” аз ҷумлаи мақолаҳои илмию оммавиест, ки дар ин маҷмӯа гирд омадаанд.
Китобҳои тозанашр на танҳо барои донишмандони забону адабиёти тоҷик, балки доираи васеи хонандагон пешниҳод мегарданд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00