Гӯшт кай арзон мешавад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 640
Гӯшт дар зиндагии ҳамарӯзаи мо истифода мешавад. Махсусан мардуми мо меҳмондор аст ва дар ин маврид барои ҳурмати меҳмон соҳибхона кӯшиш мекунад, ки хӯроки болаззате омода созад. Барои ин, албатта, гӯшт лозим аст. Зеро гӯшт, маҳсулоти серғизо буда, ба хӯрок маза медарорад. Аммо, дар ҳоле, ки қисме аз аҳолӣ дар сатҳи камбағалию бекорӣ қарор дорад, на ҳар кас имкони харидани гӯштро дорост. Чунки нархи гӯшт дар бозорҳо миёншикан аст.
Мухбирамон оид ба ин мушкилоти рӯз андешаҳои чанд сокини вилоятро рӯйи коғаз овард.
ХӮРОКИ МО БЕ ГӮШТ НЕСТ
- мегӯяд Сатторқул Зайдуллоев, сокини деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон: - Ман оилаи калон дорам, дар он 16 нафар хӯранда ҳаст. Оилаам танқисии маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯштро надорад. Ин масъаларо ҳал намудаем. Барои ба низом даровардани рӯзгор ба маслиҳату тавсияҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва аз он гирифтани 3-4 ҳосил такя намуда, ба замин рӯ овардем. Аз замини наздиҳавлигӣ, ки 18 сотихро ташкил медиҳад, соле 2-3 ҳосили маҳсулоти полезию сабзавот, аз қабили помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, карам, тарбузу харбуза, пиёзу сабзӣ, лӯбиёгӣ мегирем. Ҳамзамон, дар ин замин дарахтони мевадиҳандазардолу, шафтолу, ангур, чормағз, олую олуча, гелос ва ғайра парвариш меёбад, ки ҳамасола аз онҳо ҳосили фаровон ба даст меорем. Аз ҳосили ҷамъовардашуда аллакай 450 дона банкаи шарбату мураббо барои зимистон захира кардем. Дар 20 сотих замини президентӣ (аз ду оила-оилаи ману писарам) гандум кишт намуда, ҳосили хуб рӯёндем. Ин қитъаҳо дар баробари ҳосили фаровон додан, алаф низ доранд. Коҳи гандумро барои чорво захира карда мондем.
Аз замини муштараки хоҷагии деҳқонӣ низ босамар истифода мекунем. Дар 2 гектар майдон пахта кишт карда, фоидаи калон мебинем. Соли гузашта 10 тонна “тиллои сафед” ғундоштем. Соли ҷорӣ низ ниҳолҳо ҳосили фаровон доранд ва аллакай пахта ба шукуфтан оғоз кардааст. Як қисми қитъаи хоҷагии деҳқонӣ барои кишти юнучқа истифода мешавад. Онро соле 5-6 маротиба даравида, баъд дар ин қитъа чорворо мечаронем.
Ба замми алафи худрӯй, ҳамчунин макка барои дон ва алаф, коҳи гандум имконияти парвариши чорворо фароҳам овард. Дар ибтидо ду гови ҷӯшо парвариш намудем. Бо гузашти вақт он ба 10 сар расид. Чор сари он ширдеҳ аст ва гӯсолаи ҳамасола гирифтаамонро калон карда, ба фурӯш мебарорем, ба ивазаш хӯрока мехарем. Гов хӯроки худашро меёбад. Яъне гӯшту шир, ҷурғоту чакка, ҳатто таппаки он ба фурӯш меравад. Аз гӯшту шир ва ҷурғоту чакка аҳли оила низ истифода мекунанд.
Дар баробари ин, парвариши бузу гӯсфанд ва харгӯшро низ ба роҳ мондем. Сари чанд вақт як гӯсола ва ё гӯсфандро забҳ карда, гӯшташонро қайла карда мемонем ва ҳамарӯза хӯрокамон бе гӯшт нест. Соли оянда ният дорем, ки парвариши мурғро низ ба роҳ монем. Барои ин имконияту хоҳиш ҳаст.
Барои истеъмоли гӯшт ҳар фард метавонад аз имкониятҳои худ оқилона истифода барад. Ба нигоҳубини чорво рӯ овардан лозим асту бас. Ин кор бештар дар деҳот осонтар мебошад. Хоҳиш бошад, бешубҳа, имконият даст медиҳад.
Гӯштр о аз куҷо гирем? Суол мегузорад М. Сияров, сокини ноҳияи Кӯшониён: -Насли калонсоли дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ умр басарбурда шоҳиди зиндагии серу пуру маводҳои ғизоии фаровон ва бозорҳои арзон буданд. Банда низ аз ҷумлаи он нафароне будам, ки чунин зиндагии ширин доштем.
Маоши аз касби ронандагӣ мегирифтаам ба рӯзгорам мерасиду боз як миқдоре ба рӯзи мабод пасандоз мешуд. Махсусан, харидани гӯшту маҳсулоти гӯштӣ барои ҳар як оила дастрас буд. Зеро дар мағозаю бозорҳо гӯшти фаровон ба фурӯш мебаромад ва нархи он ҳам арзон буд. Дар бозор як кило гӯшти гов 3 ва 4 сӯм ва дар мағозаҳои хӯрокворӣ аз 1 сӯму 80 тин то 12 сӯму 90 тин арзиш дошт. Дар дуконҳои бозорӣ гӯшти гови навкушта ва дар мағозаҳо дар селофанҳои ҳаҷми як килогӣ ва гӯшти яхкардашудаи гов фурӯхта мешуд.
Он солҳо ба комбинати гӯшту шири шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) рӯзе садҳо гов барои гӯшт ворид мешуд ва он баъди коркард дар шакли гӯшт, ҳасиб ва консерва, инчунин гӯшти қима (фарш) ба мағозаҳои хӯрокворӣ тақсим мегардид. Дар баробари ин, гӯшти яхшуда аз давлатҳои дигар ворид шуда, ҳам ба фурӯш мебаромаду ҳам дар анборҳои махсус дар яхдонҳо захира мегардид. Бо ин мақсад фермаҳои парвариши чорвои гӯштӣ фаъолият менамуданд.
Ман дар комбинати гӯшту шири шаҳри Бохтар ронанда шуда кор мекардам ва ҳар рӯз ба шаҳру навоҳии вилоятҳои ҳамонвақтаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва шаҳри Қӯрғонтеппа гӯшту ҳасиб мебурдам. Инчунин, моҳии яхшудаи воридотӣ дар савдо буд. Ҳамин тавр он солҳо танқисии гӯшт набуд.
Ҳоло чӣ? Кас намедонад, ки имрӯз аз куҷо ва бо чӣ гӯшт гирад. Гӯшт танҳо дар дуконҳо фурӯхта мешавад. Он нархи осмонӣ дорад. Акнун аз мамлакатҳои беруна гӯшт ворид намешавад. Баъзе соҳибкорон як муддат гӯшти лаҳми эрониро ворид карданд, ки дар рӯйи бастаи он “Гӯшти ҳалол” навишта шудаю кӣ медонад он ҳалол буд ё на? Пойи мурғ (окорачка)-и ба савдобароварда таъм надорад ва он кадом сол кушта шудааст, мо намедонем. Афсӯс!
Гӯшт и хук ҳаром аст! Ҳаққ и парваришаш чӣ?
Зоиршоҳ, нафақахӯр: -Дар китоби Қуръони карим омада, ки гӯшти хук ҳарому истеъмолаш барои мардуми мусалмон манъ аст. Вале дар солҳои Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо парвариши хук ба роҳ монда шуда, маҳсулоти аз гӯшти хук тайёркарда ба беруни Тоҷикистон содирот мегашт. Масалан, дар хоҷагии “Меҳнатобод”-и собиқ ноҳияи Коммунистӣ, хоҷагии “Навобод”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) ва собиқ совхози ба номи Кирови ноҳияи Вахш фермаҳои комплексии хукпарварӣ фаъолият доштанд.
Ман дар яке аз ин фермаҳо қассоб шуда кор мекардам. Дар ҳар як ферма аз 18 то 40 ҳазор сар хук парвариш карда мешуд. Мардуми маҳаллӣ дар онҳо соҳиби ҷойи кор буданд. Ҳатто баъзе коргарони ҷавон дар хонаи худ 5-10 сарӣ хук доштанд. Ҳарчанд мардум гӯшти хукро истеъмол намекарданд, вале хукро фурӯхта, маблағашро дар рӯзгор истифода менамуданд. Ҳар як хук соле 2-3 маротиба таваллуд карда, наслаш дар муҳлати кӯтоҳ афзоиш меёфт. Вазни зиндаашон низ то 500 кило мерасид.
Дар комбинати гӯшту шири собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа аз гӯшти хук ҳасиб, консерва тайёр карда, ба давлати Россия ва Қазоқистон содирот мешуд. Баъди пош хӯрдани СССР фермаҳои хукпарварӣ низ аз байн рафта, нафарони зиёд бе ҷойи кор монданд. Чуноне ки дар давраи кориам мушоҳида карда будам, хук ҳайвони ифлосу ифлосхӯр аст. Хӯрокашро аз партову ботлоқҷойҳо кофта мехӯрд. Рӯзи дароз даруни лойиқа ҷӯлида мегашт.
Чаро имрӯз, дар авҷи бекорӣ ва танқисии молиявӣ, ба хотири аз содироти гӯшти хук буҷаи давлату шаҳрвандонро пур кардан парвариши онро ба роҳ намонем?
Охир мардуми мо гӯшти онро истеъмол намекунад, аммо соҳиби ҷойи кор мешавад. Гӯшти хукро ба давлатҳое, ки истеъмолаш мекунанд, мефурӯшем.
Гӯшти хук ҳаром аст, лекин музди меҳнати парвариши он чӣ?
Агар гӯем, ки хук ифлосхӯр аст, хӯроки хуки ёбоӣ бошад, танҳо алаф ва гиёҳҳои кӯҳӣ мебошад-кӯ?!
Баръакс, имрӯз чорвои хонагии мо партовгоҳҳоро ҷойи асосии чаро қарор додаанд. Чӣ тавр гӯшти чунин говҳоро ҳалол гӯем?
P.S. Хонандагони гиромӣ! Дар бораи гӯшт ва дастрасии он андешаҳо гуногунанд. Шояд андешаҳои шумо дигар бошад? Ба мо нависед, мо интизори номаҳои шумоем.
С. АТТОР,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...