Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Президент, Боздид 1 283
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил дар бораи мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карданд.
Аз ҷумла, ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Сарвари давлати мо бори дигар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз Ҳукумати Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии кишвар ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавкеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт иброз намуданд.
Президентҳои ду кишвар дар мавриди масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ табодули афкор анҷом дода, вазъи кунуниро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн Пешвои миллат аҳаммияти тақвияти шарикии ду кишварро дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истамбул»-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷоми суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва рушду нумӯи рӯзафзун таманно намуданд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04