Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол


Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол


Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар   даври навбатии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ  миёни шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар сурат гирифт.   Дар натиҷаи мусобиқа  дастаи футболбозони шаҳри Бохтар ҷойи якум, ноҳияи Ёвон ҷойи дуюм ва шаҳри Левакант ҷойи сеюмро ишғол карда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати  таҳким бахшидан ба  тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон мусоидат мекунад.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қиёмиддин Миралиён  иброз дошт, ки «бозии футбол бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ гардида,  ҳадафи он ривоҷ додани футбол дар сатҳи маҳал ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин чорабинии мазкур бо ҳадафи мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021» ва «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар сатҳи деҳоту маҳаллаҳои мамлакат барои солҳои 2021-2024» роҳандозӣ гардидааст».

Иштирокчии футбол аз шаҳри Левакант Муродалӣ Зубайдов, ки ҷойи сеюмро ба даст овардааст, мегӯяд, ки бо омодагии хуб дар даври вилоятӣ иштирок дошт ва хурсанд аст, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ташкили чунин чорабиниҳои варзишӣ барои ҷавонону наврасон аз манфиат дур нест, зеро ба солимии онҳо мусоидат мекунанд.

“Бояд ҳамин гуна бозиҳои варзишӣ зиёд гузаронида  шаванд, зеро ҷавонон машғули бозӣ шуда, ба корҳои беҳуда даст намезананд. Хушбахтона, имрӯзҳо қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, хусусан  дар деҳотҷойҳо майдончаҳои варзишӣ сохта шудааанд ва  қишрҳои гуногун, махсусан наврасону ҷавонон аз онҳо истифода мебаранд”, – иброз дошт Зубайдов.

Дар мусобиқа ба дастаи футболи шаҳри Бохтар, ки ҷойи аввалро ишғол кард,   Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуда, ба дастаҳои футболбозони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Левакант, ки ҷойи дуюм ва сеюмро ба даст оварданд, медал ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои футболи  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷараён дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода