Саноати вилоят: Афзоиши ҳаҷми истеҳсол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 251
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат, таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, ҳамчунин, ба истиқболи ҷашни бузург - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноати вилоят дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо давоми моҳҳои январ ва июли соли 2021 тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Ба шарофати расидан ба Истиқлоли давлатӣ давоми 30 сол дар кишвар иншооти хурду бузурги саноатӣ бунёд ёфта, ҳазорон нафар соҳиби ҷойи корӣ гардиданд. Бунёд ва сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ боиси баланд шудани иқтисодиёти кишвар ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазир гардидааст. Ин ҳама бунёдкориву созандагӣ маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба вуқӯъ пайвастааст.
Боиси таъкид аст, ки дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 511 корхонаи хурду бузурги саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Доир ба расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ ва дастовардҳои беназир дар соҳаи саноат Шарифхон Баротзода, номзади илмҳои иқтисодӣ гуфт, ки алҳол дар вилоят корхонаҳо, асосан, дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми даҳ сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8 миллиарду 998 ҳазору 263 сомонӣ расонида шуд.
Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои амалкунанда дар корхонаҳои саноатӣ дар сатҳи 10,1 фоиз таъмин гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти саноатчиён ташкили коргоҳҳои хурду бузурги дӯзандагӣ мебошад, ки он барои таъмини аҳолӣ бо либосҳои хушсифат ва нархҳои дастрас равона гардидааст.
Алҳол дар вилоят зиёда аз 90 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешаванд. Боиси таъкид аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Кӯшониён, Левакант, Ҷ. Балхӣ, Вахш, Муъминобод ва Кӯлоб бунёду сохтмони коргоҳҳои нави саноатӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, дар самти асосии фаъолияти корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, асосан, ба коркарди мағз ва хушкмева, коркарди сабзавот, гӯшти мурғ, хишт, мебел, либоси мактабӣ, маҳсулоти пластмассӣ, либоси варзишӣ, дӯзандагӣ, ресмон, зарфҳои коғазӣ ва амсоли ин равона гардидааст.
Самараи Истиқлол аст, ки имрӯз мардуми вилоят ба натиҷаҳои баланд ноил гардида, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тамоми қувваи худро сафарбар кардаанд. Ин аст, ки ҳоло дар умум дар вилоят 625 корхонаи саноатӣ мавҷуданд, ки дар онҳо коргарон бо шароити хуби корӣ ва маоши баланд таъминанд.
Комрони БАХТИЁР,“Хатлон