Суҳбат бо ҳамсолони Истиқлол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо / Чеҳранигорӣ, Боздид 2 085
Муҳаммадҷони Абдулвоҳид як тан аз ҷавононест, ки ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Муҳаммадҷон имсол 30-сола шуд ва ифтихор аз он дорад, ки дар ин давру замон умр ба сар бурда истодааст.
- Муҳаммадҷон, дар бораи Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ маълумот доред ва аз даврони кӯдакӣ чӣ дар хотиратон ҳаст?
- Ростӣ, айёми тифлиамро ёд надорам, вале овони наврасӣ пурра дар хотирам ҳаст.
Дар 7-солагӣ ба мактаб рафтам. Дар як мизи нимшикаста менишастаму китобҳои дарсиро дастрас кардан хеле мушкил буд. Дар синфи мо панҷ ё шаш нафар китоби алифбо доштанд. Як рӯз бобоям хеле хурсанд ба хона омаду ба ман шириниҳо дод. Бо падару модар ва дигар аъзои оила дар бораи ваҳдат сухан мегуфтанд. Ман чӣ будани ваҳдатро намедонистам ва фикр мекардам, ки ваҳдат ба кӯдакон ширинӣ додан аст. Аз ҳамон рӯз ваҳдатро дӯст доштам.
Дар оилаи мо телевизор бисёр тамошо мекарданд ва вақте як марди зебо ва хушгуфторро нишон медоданд, ҳама назди телевизор мерафтанду тамошо мекарданд. Ман ҳам мерафтам. Бобоям, ки шахси маорифпарвару фарҳангӣ ва ватандӯст буд, ба ман мегуфт, ки ин бобои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ӯ ба халқи тоҷик ваҳдат овард. Ман бобои Эмомалӣ Раҳмоновро хеле дӯст доштам.
Чунки ҳамаи шириниҳоро барои мо Ӯ оварда будааст. То синфи панҷумиам мизу курсиҳои мактабиамон иваз шуданд. Китобҳои нав хеле зиёд шуд ва акнун ҳама соҳиби китоб будем. Мактабамонро таъмир карданд. Аз фаршу тиреза ва дарҳои шикаста осоре боқӣ намонд. Ҳамаро иваз карданд. Баъд ман фаҳмидам, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ чӣ будааст.
- Кадом сол ба донишгоҳ дохил шудед ва чаро маҳз касби омӯзгориро пеша намудед?
- Кӯдакӣ ва наврасии ман дар шароити тинҷу оромӣ ва аз ҳама муҳим, озодӣ гузашт. Барои мо ҳама чиз муҳайё буд. Ҳам шароити хондану ҳам интихоби касб. Дар оилаи мо ҳама зиёӣ буданд ва баъди бузург шуданам фаҳмидам, ки чӣ қадар нооромиҳо гузаашту падару бобоям ва дигар сокинони Тоҷикистон чӣ гуна ранҷ кашидаанд. Он вақт ҳис кардам, ки бобои ман бо талаффузи ибораи Ваҳдати миллӣ чаро ин қадар шод буду ба ҳама ҳадя медод.
Баъди тамошои силсилафилмҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ аз ҳодисаҳои солҳои навадум то имрӯз бештар огаҳ шудам. Аз хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо нафар ҷавонмардони дигар, ки барои ҳифзи Ҳукумати конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи имрӯзаи мо ҷон додаанд.
Дилфузаи Абдухалил, сармуҳосиби идораи телевизиони вилоят, низ 9 сентябри соли 1991, дар рӯзе ба дунё омадааст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.
Фишурдаи суҳбат манзури хонандаи арҷманд мешавад.
- Ба андешаи Шумо, Истиқлолият ба Тоҷикистон ва мардуми тоҷик чӣ дод?
- Ман як ҷавони ҳамсоли Истиқлолият ҳастам ва акнун барои ин Ватану ин миллат хизматро шурӯъ кардаам. Давлати соҳибистиқлоли мо низ ҷавон аст ва марҳилаҳои гуногуни зиёдро аз сар гузаронидааст. Новобаста аз ин, мо шинохти миллӣ, давлати худ, фарҳангу маданият ва осудагию ободиро ҳадя кардааст. Ҳама шаҳру деҳот ва хусусан, пойтахти кишварамон ба куллӣ тағйир ёфта, ободу зебо гардидааст. Мо ҷавонон бояд аз бобоёну падарони худ бештар заҳмат кашем ва ба насли оянда як давлати қудратмандро ба мерос гузорем.
- Дар ин рӯзҳои истиқбол аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии худатон ба мардуми Тоҷикистон, ба миллати тоҷик чӣ таманниёт доред?
- Ростӣ, гуфтаниҳо хеле зиёд аст ва мехоҳам бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ, намояндагони дигар миллатҳо, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаанду ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, ҳамсолонам, ки имсол 30-сола мешаванд ва онҳое, ки ба давлату миллати тоҷик таваҷҷуҳ доранд, ин ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намоям.
Орзуи онро дорам, ки дар оянда Ватани мо боз ҳам гулгулшукуфон бошаду миллатам сарбаланду сокинони кишварам болидахотиру осуда. Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Ш. Сафарзода , «Хатлон»