Кӯлоб. Соҳибкорон роҳ месозанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат, Боздид 1 135
Бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар баробари сохта ба истифода супоридани иншооти ниёзи мардум ба бунёду азнавсозии роҳу пулҳо камари ҳиммат бастаанд. Дар Ҷамоати деҳоти “Даҳана” соҳибкор Бобовалӣ Сафаров аз ҳисоби даромади корхона ва пасандози оила мумфаршкунии беш аз 1000 метр роҳро оғоз намудааст, ки ин мушкилоти сокинонро осон мегардонад.
Дар мумфаршкунии роҳ беҳтарин мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, қоидаҳои роҳсозӣ риоя мегарданд. Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муосиртарин техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ ба кишвар ворид карда шудааст ва соҳибкорону муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо кӯшиш мекунанд, дар сохтмони роҳ аз муми пухта истифода намоянд. Зеро сифати ин намуди масолеҳи роҳсозӣ хуб буда, дар ҳолати риояи қоидаҳои роҳсозӣ солҳои тӯлонӣ дар ҳолати хуб қарор мегирад. Ин иқдоми Бобовалӣ Сафаровро дигар соҳибкорон низ дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳм мегузоранд.
Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони беш аз 800 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва то Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мақсад доранд ҳамаи он мавриди истифода қарор гирад.
Ш. Сафарзода