Барнои ҳунарманд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 929
Нахустин ҳарфу саводи хондан ва маҳорати хаттотиро дар кӯдакӣ аз падари омӯзгораш омӯхтаву ба гоҳи ба мактаб рафтани қиблагоҳ атрофи модар мисли парвона давр зада, аз назокатҳои ҳунарҳои гуногуни занона пурсон мешуд. Ҳамин буд, ки ҳанӯз аз овони наврасӣ гулу шерозадӯзӣ, наққошӣ дар тарҳи сарулибоси занона, бастабандии меваю сабзавот барои захираи зимистон ва дигар ҳунарҳои кадбонугиро аз бар намудааст.
Баъди ду сол бояд ба синфи аввал мерафт. Вақте бори аввал пешпо хӯрду пояш шикаст. Он замон дар фикру зикри зодмандон намеғунҷид, ки иллати аслии шикастани устухони банди пояш ин норасоии калтсий дар организм аст. Моҳҳо таҳти муолиҷаи духтурони шикастабанд буду беҳбудие дар саломатиаш дида намешуд. Ҳанӯз захми пойи росташ шифо наёфта, пойи дигараш иллат пайдо карду рафта-рафта Барно дигар роҳ гашта наметавонистагӣ шуд.
Бо мурури солҳо падару модар огаҳӣ пайдо намуданд, ки бемории духти нозанинашон табобатнашаванда буда, шояд дар 16-солагӣ тавассути ҷарроҳӣ вайро дубора ба по хезонда тавонанд. Дар саҳни ҳавлиашон пайдо шудани аробачаи маъюбӣ шодию хурсандии Барноро ҳадду канор набуд, ки ҳамакнун имкони ба саҳни ҳавлӣ баромаданро пайдо намуда буд.
Солҳо ноаён паси сар мешуд, ҳамсолони Барно мактабхон шуданд. Саҳаргоҳон, вақте кӯдакон тангкӯчаи паси тирезаи онҳоро убур намуда, сӯи мактабхона мерафтанд, Барно дафтару қалами худро гирифта, машғули кашидани расму манзараҳои гуногун мешуд. Рӯзе дар саҳни ҳавлӣ саргарми шустушӯйи чойнику пиёлаҳояшон чашмаш ба падараш афтод, ки бо ҳаяҷону изтироб расмҳои тасвирнамудаи ӯро тамошо мекард. Аз шарму ҳаёи зиёд намедонист, ки нигоҳи худро ба куҷо гурезонад, ки падар дафтари расму хотираҳои навиштаашро пайдо кардааст.
Баногаҳ симои ба якборагӣ тағйир ёфтаи падарро мушоҳида намуда, ба андеша фурӯ рафт, ки кадоме аз манзараҳои офаридааш қиблагоҳашро беҳад хурсанд ва ё ғамгин карда бошад? Баъди лаҳзае падар ғарқи фикру андешаҳо аз дарвозаи ҳавлиашон берун рафту Барно чархҳои аробачаашро ба ҳаракат дароварда, сӯи долончаи хонаашон рафт. Аз сечарха болои минбари долончаи хонаашон гузашта, аз он ҷо дастонашро баландтар бардошта аз рӯи мизи кории падар бастаи расмҳоро гирифту чашмаш ба акси “Бачаҳои мактабхон” афтод. Ин манзараи диловез, ки аз он сӯи панҷараи тирезаи хонаашон тасвир шуда буд, худи ӯро ҳам ба риқат овард, ки қатраҳо ашк аз косаи чашмонаш берун шуд. Охир барои он рӯзи деринтизор вай ҳам сумкачаи сурху туфличаи оҳарӣ ва сарулибоси мактабӣ омода карда буд. Аммо ба хотири ширинтарин орзуҳои кӯдакии худ аз паси ҳамсолонаш гиря кард.
Аз миён чандин солҳо гузашт, ду додару се хоҳари Барно мактабхон шуданд ва дар омода намудани ҳар нафари онҳо хоҳарбузурги донову ҳунармандашон нақши бузург мебозид. Гарчанде паси мизу курсии мактабӣ нишастан барои вай муяссар нашуда бошад ҳам, вале Барно аз падару бародаронаш саводи хондану навиштанро аз бар намуда, баъдан, ин худомӯзиҳоро ба хоҳарону додаронаш ёд медод.
Падар ба хотири андаке ҳам бошад хушбахтии духтари нозбӯяш чизеро дареғ намедошт. Рӯзе барояш мошинаи дарздӯзиву ба гоҳи дигари бозгашт аз сафар асбобҳои гуногуни ҳунармандиро савғотӣ меовард.
-Ҳанӯз ҳафт-ҳаштсола будам, ки падарам ба хотири дасти ҳунар доштанам хаффоши дар пардаи тирезаи хона дармондаро дошта, аз ман даъват намуд, ки болҳояшро ваҷаб намоям, - ба хотир меорад Барно Усмонова. – Ба фаҳми кӯдаконаам ба нафароне, ки ваҷаб намудани болҳои кӯршаппарак муяссар гардад, аз уҳдаи ҳама корҳо баромада метавонад. Гулдӯзиву шерозабофӣ аз ҳунарҳои маъмули мо-ҷавонони солҳои 1990-ум ба ҳисоб рафта, аз ин ҳисоб даромад ба даст меовардем.
Харидорони дастранҷҳои Барно рӯз аз рӯз афзуда, барои таҳияи сарулибосу дигар ороишоти занона фармоишҳои нав медоданд. Даромади ӯро аз дӯхту дӯзи сару либоси занона дида, хоҳаронаш низ ба омӯзиши ҳунарҳои хонагӣ мароқ пайдо намуданд. Ҳамакнун, хоҳаронаш низ аз ҳисоби даромади дастранҷҳои худ маблағи роҳкиро ва дигар хароҷоти овони донишҷӯии худро мепӯшониданд.
Агарчанде бо ҳукми тақдир ӯ нисбат ба дигарон имкониятҳои маҳдуд дорад, аммо заковату кордонӣ ва ақли расову истеъдодҳои нодир маҳбубияти ӯро миёни мардум бештар мегардонад. Ва бо шукронаи ин неъматҳои барояш атогардида ва ба умеди расидан ба умедҳои дар дил парвардааш сарбаландона зиндагӣ дорад.
Шаҳло Аҳмадхон, коромӯзи “Хатлон”