Талхаат кафидааст…
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Матлабҳои охирин / 90-солагӣ / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 282
Рӯзи саҳифабандии рӯзнома Исматулло, Умедҷон ва банда саргарми кор будем. Дари утоқи корӣ кушода шуду Зулфия даромада омад. Ӯ баъди кори бетанаффуси чопи маводҳои зиёд, ба замми ин ташвишҳои вазифаи нозири кадрҳо, хастаҳол менамуд. Ба курсӣ нишаста, як пиёла оби хунук нӯшид.
-Ба фикрам самбӯса ё сихкабоб хӯрдаӣ, ки оби бисёр менӯшӣ,-ҳазломез гуфт Исматулло.
-Аз куҷо? Чанд рӯз боз даҳонам талх мешавад,-посух дод Зулфия.
-Ба духтур муроҷиат кардан даркор,- маслиҳат дод Умедҷон.
-Ба духтур равӣ, чанд бемории дигарро ба ту мечаспонанд,-гуфт Зулфия.
-Аз кай боз даҳонат талх мешавад?-пурсид Исматулло.
-Ду рӯз боз,- ҷавоб дод Зулфия.
-Ин тавр бошад, талхаат кафидааст,-бо ҷиддият гуфт Исматуллои табиатан кам-гап, ки маҳорати ба ҳар баҳс бо шӯхӣ ҷавоб доданро дорад.
Баъди ин гуфтугӯ Зулфия се рӯз ба кор набаромад...