Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » САРМУҲАРРИРОНИ БЕШ АЗ 30 НАШРИЯИ МАҲАЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИХТИСОСИ ХУДРО ТАКМИЛ ДОДАНД


САРМУҲАРРИРОНИ БЕШ АЗ 30 НАШРИЯИ МАҲАЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИХТИСОСИ ХУДРО ТАКМИЛ ДОДАНД


      Машғулияти омӯзишии серӯза таҳти унвони «Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият», ки бо ибтикори МИҲД-и вилояти Хатлон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон барои сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилотӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ ташкил шуда буд, ба анҷом расид. Дар ин омӯзиш роҳбарони беш аз 30 нашрияи даврии вилоят иштирок доштанд.

      Зинатуллох Исмоилзода, директори Академияи ВАО, дар маросими ҷамъбасти машғулияти омӯзишӣ иштирок ва суханронӣ кард. Мавсуф зикр кард, ки ҳадаф аз ин ҳамоиши омӯзишӣ мусоидат дар такмили ихтисоси рӯзноманигорони маҳаллӣ, таълими майлонҳои нави журналистика, таҳкими нақши матбуоти даврии маҳаллӣ дар пешбурди ҷомеа ва мутобиқ ба талаботи замони муосир роҳандозӣ кардани кори редаксияҳо мебошад.

      Директори Академияи ВАО аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои роҳбарияти вилояти Хатлон ба идораи нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ ёдовар шуда, даъват кард, ки дар ивази ин ғамхориҳо ҷиҳати беҳсозии сатҳу сифати матолиби журналистӣ ва дизайни нашрияҳо саъю талоши бештар ба харҷ диҳанд.

      Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ҷиҳати мусоидат дар ташкили машғулияти омӯзишӣ барои сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ ба роҳбарияти Академияи ВАО изҳори сипос намуда, ба иштирокчиён дар татбиқи амалии донишу ҳунарҳои нави андӯхтаашон комгорӣ таманно кард.

     Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ рӯзноманигорон бояд дар ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои миллию давлатдорӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, ташвиқи корҳои ободонию созандагӣ нақши фаъол дошта бошанд.

    Дар интиҳо ба ҳамаи иштирокдорони машғулияти омӯзишӣ сертификатҳо тақдим шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода