"Омодагии ибтидоии ҳарбӣ" соати ин фан бояд бештар ва дарсаш босифат бошад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 675
Коршиносон бар он назаранд, ки донишу фаҳмиш ва малакаи наврасон оид ба фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ кифоя нест. Яъне, ҷавонписарон зимни таҳсил дар муассисаи таълимӣ ба қадри кофӣ ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта намешаванд.
Ин боис мегардад, ки пас аз хатми муассисаи таълимӣ дар вақти идомаи таҳсил дар макотиби олии ҳарбӣ ба мушкилӣ дучор оянд. Қисми дигар бошад, пас аз сафарбар шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишро аз сифр оғоз мекунанд. Мушкилоти асосӣ дар кам будани соатҳои дарсӣ, набудани аёнияти таълимӣ ва дар сатҳи лозима нагузаштани лагерҳои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Мушовир оид ба фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Асомуддин Сафаров бо тасдиқи гуфтаҳои боло чунин изҳор дошт: ки “Омӯзиши ибтидоии ҳарбӣ яке аз фанҳои муҳим маҳсуб меёбад. Аммо, боиси таассуф аст, ки омӯзиши ин фан баробари дарси таълими технологияи меҳнат ё тарбияи ҷисмонӣ ба роҳ монда шудааст.
Агар мо хоҳем, ки дар самти омода намудани сарбозон ва низомиёни оянда ба мушкилӣ бархӯрд накунем, пас моро лозим меояд, ки соатҳои омӯзиши ин фанро дар муассисаи таълимӣ бештар намоем. Масалан, ҳадди ақал дар як ҳафта се соат омӯзиши фанни мазкурро ташкил кардан зарур мебошад”. Тибқи барномаи таълимӣ барои хонандагони синфҳои 10 – 11 омӯзиши фанни “омодагии ибтидоии ҳарбӣ” муайян гардидааст.
Дар як соли таҳсил 102 соати умумӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар ин асос 34 соат ба синфи 10-ум ва 34 соат ба синфи 11-ум, инчунин 34 соат сарҷамъии ҳарбӣ бояд доир карда шавад. Вале, нигаронии мутахассисони соҳа дар он аст, ки сарҷамъии ҳарбӣ дар сатҳи лозима гузаронида намешавад.
- Дар муассисаи таълимӣ муҳимтарин ва одитарин маълумотҳои ҳарбӣ ба хонандагон омӯзонида мешавад, ки донистани ҳар як ҷавонмард зарур мебошад. Масалан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар неруҳо, омодагии тактикӣ, омодагӣ ба оташфишонӣ (тирандозӣ), асосҳои хизмати ҳарбӣ, оинномаҳо, саф ва хусусиятҳои он, топографияи ҳарбӣ омӯзонида мешаванд, - гуфт омӯзгори фанни ибтидоии ҳарбии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳайдар Зуҳуров.
Ӯ илова намуд, ки дар барномаи таълимии омӯзиши ин фан муҳимтарин мавзуъҳо гузошта шудаанд, вале вақти омӯзиши мавзуъ кам мебошад. Яъне, ҳар як мавзуи дарсӣ бояд ба таври васеъ амаливу назариявӣ омӯзонида шавад. Аммо, баъзан танҳо бо гузаштани дарси назариявӣ вақт ба охир мерасад. Хатмкардаи муассисаи таълимии №43-и ноҳияи Кӯшониён Исроил Азизов гуфт, ки омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонписар ҷолиб мебошад. Аммо, бо сабаби набудани аёнияти таълимӣ дарсҳоро танҳо назариявӣ мегузаштем.
Дар дарсҳои амалӣ танҳо сафороӣ ё ягон намуд тамрине, ки бе аёният гузаштан мумкин аст, аз худ мекардему бас. Ҷолибияти дарс ҳамон вақте эҳсос мешавад, ки лавозимоти таълимӣ бошад ва тарзи истифодаи онҳоро аз худ кунем. Дар бораи лагерҳои ҳарбӣ бошад, маълумот надорем. Яъне, чунин лагереро нагузаштаем, ки давоми як ҳафта чун сарбоз дар бошишгоҳи саҳроӣ зиндагиву тамрин карда бошем.
Ба иттилои масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар 1137 муассисаи таълимӣ омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ 1082 нафар омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба таълими хонандагон машғул мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 677 нафарашонро маълумоти олии омодагии ибтидоии ҳарбидошта ташкил медиҳад. Инчунин, 184 нафари омӯзгорон кафедраи ҳарбии донишгоҳҳои олии мамлакатро хатм намуда, ба толибилмони муассисаҳои таълимӣ дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ меомӯзонанд.
Агар таҳлил намоем, пас, дар ноҳияи Ёвон 67 нафар омӯзгорони фанни мазкур дар 77 муассисаи таълимӣ ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд. Аз ин омӯзгорон 40 нафарашон бо маълумоти олии омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҳастанд. Дар ноҳияи Фархор бошад, дар 58 муассисаи таълимӣ 58 нафар омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дарс мегӯянд, ки 45 нафарашон бо маълумоти олии омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошанд.
Дар моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар хусуси тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба гузаронидани лагерҳои ҳарбӣ дарҷ гардидааст. Дар он омадааст, ки тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар давоми ду соли охири таҳсил ҳатман бо гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ на камтар аз як маротиба дар анҷом соли охири таҳсил сурат мегирад. Ба ин хотир, омӯзгорони ибтидоии ҳарбӣ, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки дар самти риояи талаботи қонуни мазкур ва омодашавии ибтидоии ҳарбии хонандагон мусоидат намоянд.
Ба андешаи мушовири фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбии шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон Раҷабмаҳмад Қодиров, нақши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар самти баланд гардидани ҳисси ватанпарастии насли наврас хеле бузург мебошад. - Дар давраи оғози даъвати ҳарбии наваскарон аз тарафи мақомоти маҳал ва дигар масъулон гурӯҳҳои корӣ барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда мешаванд. Бояд ёдовар гардид, ки дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ худ яке аз усулҳои беҳтарини ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба сифатнокии ин дарс диққати махсус зоҳир намудан лозим аст. Мо агар баргузории дарси мазкурро бо тамоми талаботаш таъмин кунем, пас, ҳамасола аз шумораи умумии ҷавонписарони хатмкунанда ҳадди ақал 10 фисадашонро барои хоҳишмандона сафарбар шудан ба ҳимояи Ватан омода карда метавонем, - гуфт Р. Қодиров. – Ҷавонони зиёде ҳастанд, ки пас аз хатми муассисаи таълимӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Таҳлилҳои мо нишон медиҳад, ки аксаран ҷавонписароне, ки дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаъол мебошанд, бо хоҳиши худашон пас аз хатми муассисаи таълимӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мешаванд.
http://khatlon-ruznoma.tj
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00