Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Азоб дар пирӣ


Азоб дар пирӣ


Дузанагӣ рӯзи сиёҳест барои мард. Ӯ на оилаи солим дораду на макони гарм, на зиндагии осудаю на ҳаёти ширин. Ӯ доимо дар миёнаи роҳи зиндагӣ саргардон асту аз ҳарду зан гапшунав. Ба қавле, аз ин мондаю аз он ронда аст.

Синни Тағой кайҳо аз зангирӣ гузашта бошад ҳам, ҳеҷ не ки бахташро дарёбад. Ҷавон ба ин ҳама гоҳо қисматашро гунаҳкор мекарду гоҳи дигар падари худро. Падарро гунаҳгор карданаш ҷон дошт. Амаки Сафаралӣ се зан гирифтаю масъулияти оиладорӣ надошт. Ин амал обрӯю иззаташро байни мардум резонда буд. Ҳар се оила дар парешонӣ мезистанд, вале мард боз аз пайи зангирӣ. Волидони Тағой бо мақсади келингирӣ ба кадом хонае сар нахалонанд, албатта, ҷавоби рад мегирифтанд.

Ҳар кӣ ин оиларо мешинохт, ба онҳо на духтар медоду на хешутаборӣ мекард. “Аз бало ҳазар”, гӯён аз оилаи дар деҳа зоғи алогашта канораҷӯйӣ менамуданд. Инсон ба умеду шайтон ноумед аст. Бо гузашти айём мурғи бахт ба сари Тағой низ нишаст. Зангириаш тасодуф буд ё амри тақдир, ки рӯзе падари арӯсшавандааш бо пойи худ ба меҳмонии онҳо омад.

... Суроғи писартағо амаки Қодирро ба ин деҳаи дурдасти наздикӯҳӣ овард. Ба деҳаи ношинос омада, таваккалӣ дари хонаи аввали сари роҳи деҳаро кӯфт. Соҳибхона меҳмонро ба хона даъват намуд. Сари дастархону як пиёла чой суҳбати соҳибхона бо меҳмон гарм шуд. Аз гап гап баромаду онҳо хеши дур баромаданд. Меҳмон хешбачаашро дар деҳа наёфта бошад ҳам, хеши дигар пайдо намуд.

Ба нею нестони меҳмон нигоҳ накарда, соҳибхона ӯро аз роҳаш боздошт. -Бо пойи худ омадед, як шаб меҳмони ман мешавед. рӯзҳои зимистони кӯҳистон хеле кӯтоҳанду зуд торикӣ мефарояд. Шабона дар роҳ монда, азоб мекашед,-гуфтани амаки Сафаралӣ ба меҳмон хуш омад.

Соҳибхонаи кунҷков баъди суҳбати тӯлонӣ духтари баркамол доштани меҳмонро фаҳмида, барои бе шаст ба даст афтонидани моҳии тиллоӣ зуд ба сари мақсад омад. -Хеш баромадем, меҳру муҳаббати хеширо қавӣ гардонидан лозим. Ман писар дораму шумо духтар, чӣ мешавад, ки қудо шавем? -Кори хайр мешавад. Дар деҳа талабгорони духтарам бисёранд. Вале хоҳиши худам духтара ба ягон хешам додан буд. Обу насибаш ба ҳамин ҷо кашидагӣ бошад, ҳеҷ гап не, қудо шуда хешиамон низ мустаҳкамтар мешавад. Рӯзи нав ин хабар ба гӯши ҳамдеҳагон расида, «сақичи даҳонашон» гардид.

-Сағира бахт кард. Мурғи бахт омада ба сари ӯ нишаст,-мегуфт яке. -Духтардор таҳҷоӣ, ки нест, ин оилаи “уболак”- ро хуб намедонаду ба хешутаборӣ розигӣ додааст,- бо таассуф мегуфт дуюмӣ. -Ҳа, рост, духтардор ҳоло бо собуни Сафаралӣ ҷома нашустааст,-ба суҳбати ҳамдеҳагон ҳамроҳ шуд сеюмӣ...

Сабзина бо амри тақдир ба ин деҳаи дурдаст келин шуда омад. Ӯ аз рӯзҳои аввал ҳис кард, ки дар хонадони шавҳар касе ба ӯ рӯйи хуш намедиҳад. Сардию бадмуомилагии шавҳар низ ба қалбаш тухми ноумедӣ кишт. “Аз сабр ғӯра ҳалво мешавад”, гуфтаанд. Ӯ ба умеди ояндаи нек сабрро пеша кард.

... Хабари фарзанддор шудани духтарро шунида, падару модар ба хонаи домод омаданд. Рангу рӯйи хазони духтар ва тифлаки гӯшт дар устухонро дида, ҳуш аз сарашон парид. Сабзина аз гуруснагӣ ба ин ҳол зада буд. Амаки Содиқ бо ҷигари бирён аз домод хоҳиш намуд, ки зану тифлашро ба беморхона бурда, муолиҷа кунад.

-Мо одамони камбағал, маблағи зиёдатӣ надорем, ки духтари шуморо муолиҷа намоем. Худо дардаша додааст, давояшро ҳам медиҳад. Духтар духтари шумо, дилатон ба ӯ сӯзад, ба хонаатон бурда табобат кунед,-ба ҷойи писар посух дод амаки Сафаралӣ. Падару модар худи ҳамон рӯз духтару набераро ба хона бурданд. Табобати онҳо се моҳ давом кард.

Дар ин муддат ба аёдати беморон на шавҳар омаду на хусуру хушдоман. Пас аз чунин носипосиҳо амаки Қодир қарор дод, ки барои духтараш дар ҳамсоядеҳа хона харида медиҳаду домодашро ҳам ба назди фарзандаш меорад. Тағой маҳтали ишора буд, ки хабари шифоёбии зану бачааш ва хона харида додани падарарӯсашро шунида, зуд ба хонаи амаки Қодир шитофт. Амаки Қодир дар қавлаш истод. Барои оилаи ҷавон хонаи ба ҳавлӣ ва гови ҷӯшо гирифта дод. Тағой касби хуб дошт. Устои мошин буд, дар нуқтаи таъмири техникӣ ба кор даромад.

Даромади хуб меёфт. Зиндагиаш беҳтар шуд. Сабзинаву Тағой бо гузашти айём соҳиби панҷ фарзанд шуданд. Вале хотири фарзандон ӯро ислоҳ накард ва боз кӯчагард шуд...

(Идома дорад)

С. АТТОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода