Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Эҳтиёҷмандон бо ангишти ройгон таъмин гардиданд


Эҳтиёҷмандон бо ангишти ройгон таъмин гардиданд



Дар ноҳияи Фархор аз ҷониби соҳибкорони хайрхоҳ 450 тонна ангишти хушсифат харидорӣ шуда, ба 2876 нафар маъюбон, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманди 10 Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба таври ройгон тақсим карда шуд.

Тавре маркази матбуотии раиси ноҳияи Фархор хабар медиҳад, кӯмаки мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳамкориҳои Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шудааст.

Ҳамчунин, Ҷамоатҳои деҳоти Хуросон, Дарқад, Гулшан, Хутан, Истиқлол, Ватан ва Зафар низ аз кӯмаки мазкур баҳравар шуданд.

Ф. УМАРОВ , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода