Атр аз чӣ тайёр мешавад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 521
Атр моддаест, ки бӯйи хуш дорад. Вай аз равғанҳои рустаниву ҳайвонот истеҳсол карда мешавад. Онро, инчунин, ба таври сунъӣ аз маҳсулоти нафтӣ низ омода мекунанд.
Атрҳои аз рустанӣ ҳосилшуда равғанҳои хушбӯй доранд, ки онҳоро аз қисмҳои ҷудогонаи рустаниҳо – реша, пӯстлох, барг, шира ва гули он тайёр мекунанд. Атрҳое, ки аз равғани ҳайвонот, масалан, аз кит ва қундуз мегиранд, ҳамчун маводи мустаҳкамкунандаи атриёт истифода мешаванд.
Равғанҳои рустаниро бо маводи ёрирасон дар спирт маҳлул мекунанд ва ба шишаҳои махсус барои истифодабарӣ мерезанд.
ТАВСИЯ БАРОИ ОМОДА КАРДАНИ АТР
Ба шишае одеколони гулбӯй бирез. Ба он ягон маҳлули дигар, ки бӯяш ба ту писанд аст, мисли барги гул ё навдаи рустании хушбӯй ҳамроҳ намо. Даҳони зарфро мақкам карда, онро якчанд рӯз нигоҳ дор. Баъд онро полонда, дар зарфи шишагӣ бигир. Агар бӯйи хуши зарф баланд бошад, ба он камтар об ҳамроҳ намо.
Таҳияи Набӣ САИД, “Хатлон