Сада
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 817
Оташеро чун барафрӯхт он Ҳушанг,
Ахгараш омад падид аз зарби санг.
Шуд раҳо аз дасти ӯ мори сиёҳ,
Лек, сӯхт аз гулханаш гулу гиёҳ.
Кашф кард ӯ оташи меҳри Аҷам,
Бахтро бар зиндагонӣ кард зам.
Хоми мардум пухта шуд аз гулханаш,
Боз шуд роҳи наве дар гулшанаш.
Аз Каёмарсу Сиёмак то Ҳушанг,
Садда шуд эҷод дар майдони нанг.
Таҳмурас ҳам ҳамчу як шоҳи Аҷам,
Ном монда пури худ Ҷамшеди Ҷам.
Аз нахустин шоҳи Кай то Таҳмурас,
Сӯхт сад сол оташе аз хору хас.
Қиблаву ҳам дайри онон гарм буд,
Шеваи гуфтори онон нарм буд.
Кашфи наврӯзи Аҷам бо Ҷоми Ҷам,
Зиндагиро кард пок аз оҳу ғам.
Гар замоне рафт он ойин зи мо,
Лек, буд андар дилу маъвои мо.
Сарвари мо он ҳама эҳё намуд,
Ӯ забони бастаро гӯё намуд.
Сафҳаи таърихи меҳан боз кард,
Ҷашни некони куҳан оғоз кард.
Амиршоҳи Хатлонӣ