Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа нақши роҳбари мардумӣ, масъулиятшинос ва дурбин аҳамияти хосса дорад. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, аз зумраи роҳбароне мебошад, ки фаъолияти ӯ ба беҳтар намудани сатҳи иҷтимоӣ, расидагӣ ба масоили ҳалталаби мардум, тақвияти ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеа, секторҳои ҷамъиятӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва роҳнамоии сокинон дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави вилояти Хатлон равона гардидааст.
Раиси вилоят аз рӯзҳои аввали фаъолияти роҳбарӣ муносибати кориро бо мардум дар меҳвари расидан ба ҳадафҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат қарор дода, бо рӯи даст гирифтани тадбирҳои муассир, дар баробари иҷрои нақша ва дурнамои самтҳои гуногунҷабҳаи хоҷагии халқи вилоят ва нишондодҳои назарраси истеҳсоливу иқтисодӣ раванди рушду тараққиётро суръати тоза бахшид. Самти дигари фаъолияти роҳбарии парвардаи мактаби сиёсии Сарвари давлат ин мулоқотҳои мунтазам бо сокинони шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Дар доираи сафарҳои корӣ ба деҳоти дурдаст раиси вилояти Хатлон мунтазам қабули шаҳрвандонро анҷом медиҳад, ки ба ин васила бештари мушкилиҳои иҷтимоии аҳолӣ дар ҷойҳо ҳалли худро меёбанд. Паёми хушоянд зимни мулоқот бо мардум суҳбатҳои созандаву таконбахши Роҳбари аввали вилоят арзёбӣ мегардад ва муҳтавои гуфтугӯи ошкорои муҳтарам Давлаталӣ Саид аз дастуру таъкидҳои Президенти мамлакат маншаъ мегирад, ки пайваста хизматчиёни давлатиро дар мавриди хизмати содиқона ба халқ ёдрас менамоянд.
Дарвоқеъ, фаъолияти роҳбарии ӯ ба симмати раиси вилояти Хатлон бозгӯи он аст, ки муҳтарам Давлаталӣ Саид дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ таҷрибаву обутоб ёфта, имрӯз бо таваҷҷуҳи хоса дар рушди соҳаҳои калидӣ — иқтисод, кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор нақши ниҳоят муҳим гузошта истодааст.
Пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз овони ҷавонӣ, ки ба оғози марҳилаи бунёдгузории давлати соҳибистиқлоламон рост меомад, бо донишу маҳорати навоварӣ ва садоқат ба Ватан дар зинаҳои роҳбарӣ тарбия ёфта, аз ҷавонтарин кадрҳои парвардаи Пешвои муаззами миллат буданд ва соли2005 (2007) раисии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишварамонро ба зимма доштанд. Баъди саҳми пурсамару мондагор дар рушди соҳаи ҷавонон солиён ба ҳайси Сафири фавқулода дар Ҷумҳурии Ҷопон ва муовини Сарвазири мамлакат баъдан, муовини аввали Сарвазири мамлакат фаъолият намудаанд.
Дар давраи роҳбарии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид илова ба рушду навовариҳо, ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саросари шаҳру навоҳии Хатлон сохтмони иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ вусъат ёфта, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар гардид.
Яке аз ташаббусҳои муҳимму ояндасози раиси вилоят дар самти рушди маънавиёт ва фарҳанг эълон гардидани соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон мебошад.
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат, ташаккули фарҳанги мутолиа миёни ҷавонон ва эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ роҳандозӣ шудааст. Дар доираи ин ташаббус озмунҳои китобхонӣ, таъсиси гӯшаҳои китоб дар муассисаҳо, ғанигардонии китобхонаҳо ва ташкили вохӯриҳои адабӣ бо аҳли қалам амалӣ карда шуд. Тавре ки раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО иброз доштанд, ки эълон гардидани соли2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” ба ҷалби таваҷҷуҳи омма ба илму донишандӯзӣ нигаронида шудааст. Зеро рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди босуботи ояндаи дурахшони Ватани азизамон аз сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Аз ин рӯ, тадбирҳо дар самти рушди соҳаҳои маориф, фарҳангу маънавиёт ва хусусан соҳаи китобдорӣ бояд солиён идома ёфта, ҳамзамон, дар ин марҳилаи худшиносиву худогоҳӣ мо таваҷҷуҳи оммаро ба китобу китобхона ва ба ин васила илму донишандӯзии насли ояндаи хеш дучанд густариш бахшем. Ин буд, ки бо пешниҳоди роҳбарияти вилоят солҳои2026–2030 “Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон” эълон карда шуданд. Ин иқдоми стратегӣ аз таваҷҷуҳи амиқ ба рушди сармояи инсонӣ ва маърифати ҷомеа шаҳодат медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин иқдоми хирадмандона бунёди китобхонаҳои нав, таҷдиди китобхонаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар низоми китобдорӣ ва густариши фарҳанги мутолиа дар тамоми қишрҳои ҷомеа ба нақша гирифта шудааст.
Хусусияти самарабахши фаъолияти Давлаталӣ Саид дар он аст, ки ӯ ба ҳар як масъала бо масъулияти баланд муносибат мекунад ва барои ҳалли он роҳҳои амалиро пешниҳод месозад.
Хоксорӣ, одоб, фарҳанги волои муошират ва эҳтирому самимият ба мардум имкон додааст, ки миёни роҳбарият ва ҷомеа фазои эътимод эҷод гардида, мардум ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгирии раиси вилоят дар рушду ободгароӣ, сарсабзии диёру бунёдгузории иншооти муҳими хизматарсониҳо, бунёду таъмири роҳу пулҳо, кабудизоркунии муҳити зист ва саҳмгузорӣ ҷиҳати ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузошта бошанд.
Бо шарофати ҷавобгӯи талаботи замон ба роҳ мондани низоми идоракунии муосир ва саъю талошҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо калонтарин вилояти Тоҷикистони азизамон Хатлон ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ рушду тараққӣ ёфта истодааст. Зеро раиси вилояти Хатлон дар радифи пешбурди масъулияти роҳбарӣ пайваста миёни мардум буда, ҷомеа дар симои роҳбар мушкилкушои масоили рӯзмарраи худро мебинанд ва аз ин рӯ, пешниҳодҳои созандаи муҳтарам Давлаталӣ Саид аз ҷониби кулли сокинон ҳамовозӣ пайдо менамоянд.
Чуноне ки Сарвари давлати тоҷикон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки дар арсаи сиёсат ва мансабҳои роҳбарӣ нафароне муваффақу маҳбуби халқ мебошанд, ки бо саъю талоши содиқона, ростгориву адолатпарварӣ, дасту дили пок ва меҳру муҳаббати бузург ба Тоҷикистони азиз сазовори боварии халқу ҳам Ватан мегарданд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз зумраи чунин роҳбарон мебошад, ки ба халқу Ватан содиқона хизмат карда меояд.
Фирӯзҷон КАРИМОВ,
мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
