ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 32
![]()
Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ҷойгир буда, бо саҳми аҳолии маҳаллӣ ба маблағи 695 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Иншоот барои хизматрасонии тиббӣ ба 3500 нафар аҳолӣ пешбинӣ шуда, ба беҳтар гардидани сатҳи дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамояд.
Марказ аз 6 утоқи корӣ ва як таҳхона иборат буда, бо шароити зарурӣ барои фаъолияти кормандон таъмин мебошад. Дар он 6 нафар корманд, аз ҷумла 2 табиб, 3 ҳамшираи шафқат ва 1 корманди техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Қайд гардид, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти босамари муассиса аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шудааст, ки имкон медиҳад ба сокинон хизматрасонии босифат ва саривақтӣ пешниҳод гардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо сокинон саҳми онҳоро дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди соҳаи тандурустӣ дар маҳал мусоидат мекунанд.
Сокинон аз таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ифтитоҳи маркази саломатиро як қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ арзёбӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 дар ноҳияи Ёвон ба истифода дода шудани чунин иншооти иҷтимоӣ ба рушди устувори иҷтимоӣ ва ободонии бештари минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...