Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муқоисаи «Наврӯзнома» ва «Осор-ул-боқия»


Муқоисаи «Наврӯзнома» ва «Осор-ул-боқия»



Ин ду асар ба таъриху ҷашнҳои қадим марбут буда, дар бораи Наврӯз низ маълумоти муфассал медиҳанд. Бо вуҷуди ин, онҳо аз ҷиҳати мазмун, усули таҳлил ва ҳадафи таълиф фарқи муҳиме доранд. “Наврӯзнома”-и Умари Хайём асосан ба ҷашни Наврӯз ва анъанаҳои марбут ба он бахшида  шудааст.  Хайём  дар  он  таърихи  пайдоиши  Наврӯз,  фалсафаи  ҷашн ва  расму  оинҳои  марбут  ба  онро  баррасӣ  мекунад.  “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ бошад, як таҳқиқоти васеи таърихӣ ва илмӣ дар бораи ҷашнҳо, тақвимҳо ва тамаддунҳои мухталиф аст. Наврӯз танҳо як қисми ин китоб  буда,  дар  он  Берунӣ  ҷанбаҳои  астрономӣ  ва  таърихии  ҷашнро  бо таҳқиқоти илмӣ шарҳ медиҳад.

Сабк  ва  услуби  нигориши  ин  ду асар  гуногунанд.  Хайём  асарашро  бо забони сода ва ба услуби насри адабӣ навиштааст.  Ӯ  ҷашни  Наврӯзро  бо нигоҳи  шоирона  ва  фалсафӣ  таҳлил карда,  онро  ҳамчун  рамзи  навша-вии  инсон  ва  табиат  шарҳ  медиҳад. 

Берунӣ  сабки  илмӣ  ва  таҳқиқотӣ  дорад.  Ӯ  бо  далелҳои  дақиқ  ва  маълумоти  таърихӣ,  бар  асоси  таҳқиқоти риёзӣ ва астрономӣ ҷашнҳоро баррасӣ мекунад.  Дар  ин  баробар,  ҷанбаҳои астрономӣ ва тақвимии ҳар ду асар низ аз якдигар тафовут доранд. Хайём дар “Наврӯзнома” ба астрономия кам ишора  мекунад  ва  бештар  ба  фалсафаи наврӯзӣ истодагарӣ менамояд. Берунӣ бо  сабаби  олими  соҳаи  астрономия буданаш,  ба  ҳисоби  дақиқи  гардиши офтоб,  тақвими  форсӣ  ва  таъсири  он ба  Наврӯз  диққати  махсус  медиҳад. Ӯ  инчунин  фарқияти  тақвимҳои тамаддунҳои гуногунро шарҳ медиҳад.

Омили  дигари  тафовути “Наврӯзнома”  ва  “Осор-ул-боқия”  ин навиштани  ҷанбаҳои  таърихӣ  ва  фалсафию  иҷтимоии  ҷашни  Наврӯз  мебо-шанд.  Умари  Хайём  дар  навиштани “Наврӯзнома”  бештар  ба  рӯйдодҳои афсонавӣ  такя  мекунад.  Масалан,  ӯ Наврӯзро  ба  Ҷамшед  ва  подшоҳони Эронзамин марбут медонад. Берунӣ бошад,  дар  “Осор-ул-боқия”  маълумотро аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ мегирад. Берунӣ Наврӯзро бо тамаддунҳои бостонӣ  ва  фарҳангҳои  мухталиф муқоиса  мекунад  ва  сарчашмаҳои аслии  онро  меҷӯяд.  Инчунин,  Хайём Наврӯзро  рамзи  навшавӣ,  поксозии руҳ ва ҷашни ҳамоҳангии инсон бо табиат  мешуморад.  Аммо  Берунӣ  бештар  ба  ҷанбаҳои  таърихӣ  ва  иҷтимоӣ истодагарӣ  мекунад  ва  нақши  ҷашнро дар  рушди  тамаддунҳо  ва  низомҳои давлатдорӣ баррасӣ менамояд.

Тибқи  маълумоти  “Осор-ул-боқия” Наврӯз  ҷашни  қадима  буда,  дорои куҳантарин  оинҳои  миллӣ  ба  шумор меравад.  Дар  китоби  мазкур  Берунӣ аз  забони  Алӣ  бинни  Яҳё  навиштааст,  ки   “Рӯзи  Наврӯз  ягона  рӯзест,  ки тағйирнопазир аст” ва дар китоби “Ал-тафҳим”  овардааст,  ки  “Нахустин  рӯз аст,  аз  Фарвардинмоҳ  ва  аз  ин  ҷиҳат Рӯзи  нав  карданд,  зеро  ки  нишонии соли нав аст”.

Берунӣ  Наврӯзро  ҳамчун  ҷашни бостонӣ,  ки  аз  замони  подшоҳони  пешин,  хусусан  Ҷамшед  боқӣ  мондааст, тавсиф  мекунад.  Ин  нуктаро  Берунӣ дар  китоби  “Осору-ул-боқия”  ба  таври возеҳ  қайд  намудааст:  “Чун  Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд.  Ва  ба  як  рӯз  аз  кӯҳи  Дамо-ванд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид  гирифтанд”.  Берунӣ  қайд  мекунад, ки  Наврӯз  оғози  баробаршавии  шабу рӯз  мебошад  ва  онро  ҳамчун  таҷдиди зиндагӣ, эҳёи табиат ва оғози соли нав дар  тақвими  эронӣ  меҳисобиданд.  Ба гуфтаи  ӯ,  дар  ин  рӯз  подшоҳон  мардумро  хушнуд  мекарданд,  хайру  саховат менамуданд ва тантанаҳои гуногун баргузор  мекарданд  ва  ин  яке  аз  расми  подшоҳон  дар  ҷашни  Наврӯз  буд. Ӯ  инчунин,  менависад,  ки  дар  Наврӯз шоҳон мардуми одиро ба ҳузур мепазируфтанд ва мардум ба якдигар туҳфаҳо 
медоданд.

Ҷойи  дигар  Абурайҳони  Берунӣ ба  ҷанбаҳои  астрономӣ  ва  фарҳангии Наврӯз таваҷҷуҳ кардааст ва онро яке аз  бузургтарин  ҷашнҳои  эронитаборон унвон додааст, ки боис ба шодиву нишот ва эҳёи зиндагӣ дар ҷомеа мегардад. Аҳамияти астрономӣ ва илмии Наврӯз  аз  нигоҳи  Абурайҳони  Берунӣ ҳамчун  олим  ва  риёзидони  бузург  бо ҳаракати  дақиқи  Офтоб  вобаста  аст ва дар лаҳзаи баробаршавии шабу рӯз фаро  мерасад.  Ӯ  ҳисоб  кардааст,  ки ҳар 365 рӯз, 5 соат ва чанд дақиқа пас Офтоб  ба  ҳамон  нуқтае  бармегардад, ки  Наврӯз  оғоз  мешавад.  Яъне  ҷашни Наврӯз ҳамчун оғози соли нав бо баробар шудани шабу рӯз дар аввали баҳор рост меояд ва оғози Соли нави шамсӣ мебошад. 

Ин  тақвим,  ки  бар  асоси ҳаракати Офтоб тартиб дода шудааст, дар байни эрониён аз аҳди қадим маъмул буд. Дар  қисмати  дигари  китоби  “Осор-ул-боқия”  Берунӣ  аз  анъанаҳо  ва  рас-му  оинҳои  Наврӯз  менависад.  Тибқи навиштаҳои  ӯ,   дар  Наврӯз  шоҳон  ба мардум  наздик  мешуданд,  ба  онҳо ҳадяҳо медоданд ва ҷашнҳои бошукӯҳ ташкил мешуд. Ӯ инчунин зикр мекунад, ки мардум субҳи барвақт об мегирифтанд,  худро  мешустанд,  либосҳои  нав мепӯшиданд  ва  ба  ҳамдигар  туҳфаҳо тақдим мекарданд.

Ба гуфтаи Берунӣ, Наврӯз на танҳо ҷашни  табиат,  балки  рамзи  адолат  ва баробарӣ  миёни  мардум  низ  буд.  Дар ин рӯз ҳатто подшоҳон бо тобеони худ муносибати  баробарона  мекарданд. 

Ӯ  Наврӯзро  ҳамчун  як  ҷашни  бузурги фарҳангӣ,  илмӣ  ва  иҷтимоӣ  мешуморад, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Таърифи ӯ аз Наврӯз нишон медиҳад, ки ин ҷашн танҳо як анъанаи халқӣ нест, балки ҷашне аст, ки бо илм, давлатдорӣ ва  арзишҳои  иҷтимоӣ  сахт  алоқаманд мебошад.

Аҳадуллои Мирзоалӣ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода