«Шукӯҳи истиқлол» -дастовезе барои истиқлол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 146
Шоми 30 июл дар саҳни бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо саҳми нашрияҳои вилоятӣ, аз ҷумла идораи рӯзномаҳои «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», «Ғунчаҳои Хатлон», маҷаллаҳои «Сафо», «Меҳровар» ва Муассисаи давлатии «Хатлонсинамо» ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Шукӯҳи Истиқлол» барномаи ҷаззоби фарҳангию фароғатӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш нашрияҳои даврӣ маҳсули фаъолият ва намунаҳои эҷодиёти худро ба намоиш гузошта, барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Истиқлоли давлатӣ саҳми созгор гузоштанд.
Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сармуҳаррирони нашрияҳои даврӣ, кормандони онҳо, Раёсати фарҳанг ва дигар ташкилоту муассисаҳо ширкат варзинданд. Ҳозирин аз дастранҷи кормандони нашрияҳо дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Сипас, барномаи фарҳангию фароғатӣ ба хотири болидаруҳии ҳозирин пешкаш карда шуд.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00