Сабаби болоравии нархи гӯшт чист?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 249
Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки афзоиш ёфтани талаботи аҳолӣ ба гӯшту гӯсфанд сабаби гаронии нархи он дар ҷумҳурӣ шудааст.
Ба иттилои муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, “ҳоло 99,9%-и аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён нарафтани қимати он зиёд шудани талаботи бозор ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷ аст”.
Муовини вазир таъкид кард, ки ҳоло ҷумҳурӣ ба хориҷ содироту воридоти гӯшт надорад.
Ин ниҳод ҳоло сари зиёдсозии саршумори чорвои гӯштӣ чорачӯӣ карда, бо пешниҳоди гӯшти мурғу моҳӣ мехоҳад нархҳоро танзим кунад.
Дар бозорҳои шаҳри Бохтар ҳоло нархи як кило гӯшти гов 80-85 сомонӣ, нархи гӯшти гӯсфанд ва буз ба беш аз 85 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, қаблан нархи гӯшти гов дар кишвар ба ҳисоби миёна 71-75 ва гӯсфанд 75-80 сомонӣ буд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...