Мавзеъҳои сайёҳии Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 014
Аҷинатеппа
Аҷинатеппа — боқимондаи ёдгори меъмории дини буддоӣ ба ҳисоб меравад. Маъбад дар роҳи корвонгарди аз Балх ба сӯи шаҳрҳои Шумон (Ҳисор) — Вашгирд, Ғуркан (Ғарм) — Чин, Ҳулбук, Фархор, Бадахшону Ҳиндустон ҷой дошт ва ба тоҷирони будоии ҳинду ва чинӣ хидмат менамуд.
Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми садаи VII ва ибтидои садаи VIII фаъолият доштааст.
Аҷинатеппаро дар ноҳияи Кӯшониён (15 км дуртар аз шаҳри Бохтар) вилояти Хатлон соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кард. Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40 садаи XX ба он дода шудааст. Тибқи ривоёти мардуми маҳал солҳои 40 садаи XX дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳаллиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, Аҷинатеппа номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст. Аз соли 1961 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (бо роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал) мунтазам ҳафриёт доир карда, соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом расид.
Аҷинатеппа бинои росткунҷашакли вусъаташ 100×50 м, баландиаш 6 м мебошад. Аз ду қисмати мутаносиб иборат буда, бо роҳрав қисмҳо ба ҳам мепайванданд, ки қисмҳоро дар рафти таҳқиқ шартан «дайр» ва «маъбад» номгузорӣ кардаанд. Дар миёнҷои «дайр» ва «маъбад» ҳован ҷой дорад. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯйи тарҳи сохтмонии чорайвона бино ёфта, аз похса ва хишти хом, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рӯйи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбаздор будаанд. Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19х19 м) — ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор ва биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд.
Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав ба ҳам мепайваст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб буда, шифту девор нақшунигор ва муҷассамаҳои бисёр дошт. Ҳангоми ҳафриёт пораҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 м, ки дар маркази бино воқеъ буд, ёфт шуд. Поини деворҳо, рӯйи суффаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро доранд. Дигар биноҳои «дайр» ва ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доранд.
Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 14-метраи якпаҳлу хобидаи Буддо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди Буддои нишаста ёфт шуданд.
Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангубор додаанд. Тасвироти Аҷинатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна иҷро шудаанд. Нақши иблис, роҳиб ва одамони одӣ низ ҳаст.
Дар вақти ҳафриёт Аҷинатеппа бисёр бозёфти шайъӣ — сафол, маснуоти шишагӣ, филизӣ ва сиккаҳо ёфт шуданд. Хусусан, сиккаҳо ҷолиби диққатанд.
Аҷинатеппа тақрибан сад сол фаъол буд ва ба тахмин дар солҳои 40 садаи VII дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардид.
Ҳафриёти Аҷинатеппа аҳаммияти илмӣ дорад. Аҷиннатеппа нахустин ёдгори будоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра таҳқиқ шудааст.
Сари Хосор
Боғи табиии Сари Хосор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2005 дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Масоҳати боғи табиии Сари Хосор 3805 га аст.
Номи Сари Хосор таърихи куҳан дошта, маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор» гирифта шудааст.
Боғи табиии Сари Хосор дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ин мавзеъ дорои ҷангалзори табии ва флораву фаунаи гуногуни кӯҳистонӣ мебошад. Дар ҷангал намудҳои гуногуни дарахтон махсусан чормағзи юнонӣ ва дигар дарахту буттаӽои нодир меруянд. Дар мавсими тирамоҳ аз меваҳои он ҳайвонҳои гуногунро ба монанди хирс, хуки ёбоӣ, уриал, муши обӣ, силавсини туркистонӣ, паланги барфӣ истеъмол мекунанд. Ин ҳудуд худ муайянкунандаи гуногуншаклии системаи экологии ин мавзеъ мебошад. Гидрографияи Сари Хосорро дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазори Шӯробдарё ва Шаршараи Пушти Боғ ташкил мекунад.
Боз яке аз мавзеҳои зебоманзари водӣ дар наздикии деҳаи Муллоконӣ ҷойгир шудааст. Аз баландии 50 метр шаршара ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирдк атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд.
Шаршараи Сари Хосор ки воқеъ дар ноҳияи Балҷувон аст, аз ҳама зеботарин шаршараи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин шаршара аз фавораҳои оби мусаффо дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои ҳамешасабзи кишвар табиати тоҷиконро зебову оро медиҳад. Баландии шаршара то 57 метрро ташкил менамояд.
Ҳулбук
Димнаи (Қасри ҳокимони) Ҳулбук дар масофаи 7 км дуртар аз самти шимолу ғарбии маркази ноҳияи Восеъ (деҳаи Қурбоншаҳид) ҷойгир аст. Қасри ҳокимони Ҳулбук ба Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук, ки дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст, дохил мешавад.
Ҳула— маънии «беша, дарахтони фаровони беша, бешаи дарахтони буттагӣ (дарахтҳо)»-ро дорад. Ҳулбук дар чунин мавзеъ қарор дорад. Ҳарчанд «бука» ҷузъи номаълум буда, ба таҳқиқи бештаре ниёз дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки бо ҷузъи «бук» топонимҳои дигар дар атрофи Ҳулбук мавҷуд аст: Шобика, Осмонбика ва ғайра. Қасри ҳокимони Ҳулбук таърихан ба аcрҳои IX – XI мансуб аст.
Димна тарҳи секунҷамонанд дошта, қаблан масоҳати он 70 га ташкил мекард. Ҳулбук танҳо дар масоҳати 16 гектар боқӣ мондааст. Димна, ки дар гузашта бо девор иҳота шуда буд, аз самти шимолу ғарб даромадгоҳи сарнишебе дошт. Арки он дуқабата буда пурра маҳфуз мондааст.
Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла, Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ ва асари «Ҳудуд-ул-олам» дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хутталон, ба монанди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Гузашта аз ин, сарчашмаҳои мазкур «ҷойи муқимӣ» — и шоҳони ин мулкро Ҳулбук донистаанд.
Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук, ҳамчунин дар адабиёти атиқа дучор меояд. Дар байни номҳои ҷуғрофӣ, ки таърихнигори юнонӣ Птолемей овардааст, номи шаҳри Хулбисса мавҷуд мебошад. А.М. Беленитский ва олимони дигар бо асоси комил онро пойтахти Хуттал – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои мусулмонии асримиёнагӣ дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Хулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ наздик аст.
Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шаҳрҳои зикршуда «Тамоми Хуттал бо кӯҳҳо иҳота гардидааст, ҳамаи шаҳрҳо, ба ҷуз аз Ҳулбук ва Сикандара дар водиҳо ҷойгиранд». Ҳарчанд мавқеи ҷойгиршавии Ҳулбук ва шаҳрҳои азбайнрафтаи Хуттал мавзӯи баҳсу мунозираҳои илмӣ аст, аммо бештари муҳаққиқон, аз ҷумла, М. А. Варигин, А.П. Колпаков ва А.Е. Маҷӣ – онро дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид ва деҳоти атрофи он то маркази ноҳияи Восеъ муайян кардаанд. Аз ин лиҳоз иваз намудани номи шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук ба ҳақиқати таърихӣ ва ҷуғрофӣ мувофиқ буда, омили арҷгузорӣ ба ин макони таърихӣ мебошад. Дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонида, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намуда буд, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд. Дигар донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ низ доир ба Ҳулбук таҳқиқот ба анҷом расонида, аз сарчашмаҳои таърихии зиёд ёдоварӣ кардаанд, ки оид ба ташаккул ва инкишофи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти уфид медиҳанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон..., номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Дар маркази шаҳри Кӯлоб, дар боғе, ки чинорҳои чандинасра шинонида шудаанд, маҷмааи ёдгории Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шоир, файласуф ва мутафаккири асри 14 мавҷуд аст. Дар ин ҷо писараш Муҳаммад, хешовандони сершумор ва собиқ посбони оромгоҳ ва масҷиди зери ӯ Шайх Шохи Толиконӣ аз шаҳри Толукони Афғонистон низ ба хок супурда шудаанд. Бинои мақбара як бинои анъанавии асримиёнагӣ мебошад. Дар ибтидо, он се даромадгоҳи порталӣ дошт, ки толори гунбаздор бо ороиши кандакорӣ оро дода шудааст. Ин бино ба охири асри 14 рост меояд. Баъдтар ба он масҷид ва қабр илова карда шуд.
Дар солҳои 70-уми асри гузашта мақбара барқарор карда шуд. Дар баробари ин устодон кӯшиш мекарданд, ки симои мақбараро мисли тамоми панҷ аср нигох доранд. Ва онҳо муваффақ шуданд. Дар паҳлӯи мақбара боз як санги мармари қабр бо навиштаҷоти арабӣ ва форсӣ мавҷуд аст, ки бо ороишҳои геометрӣ оро дода шудааст. Дар тарафи ғарбии санги қабр навишта шудааст, ки дар ин ҷо писари ҳокими Хатлон Амир Муҳаммад ибни Шайх Абдуллоҳ ба хок супурда шудааст. Худи санги қабр, ки шакли росткунҷа дорад, қариб як тонна вазн дорад. Тибқи ривоят, ӯро бо филҳо аз Ҳиндустон ба Кӯлоб овардаанд. Имрӯз мақбара зиёратгоҳи мардуми маҳаллӣ ва меҳмонони сершумор маҳсуб мешавад.
Чилдухтарон
«Чилдухтарон» - номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд.
Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои «Чилдухтарон» байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.
Дар замонҳои хеле қадим тӯдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурӯхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Муъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лақаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд.
Задухӯрд чанд шабонарӯз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сӯи кӯҳҳои сарбафалак рӯ оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сӯи кӯҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сӯи кӯҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тӯдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рӯ оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рӯ ба рӯ насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанӯз дар қиёманд.
Ин, албатта, ривоятест дар бораи кӯҳи зебоманзари «Чилдухтарон» ва воқеияту дар кадом давру замон ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро касе намедонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо мавзеъҳои таърихӣ мавҷуданд. Ин шаҳодати он аст, ки хоки ин диёр муқаддасу пурганҷест. Бар замми он, 93 фоизи ин сарзаминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳо пур аз ганҷу сарват, маъдану сангҳои қиматбаҳо, ҳайвоноти нодир ва набототи шифобахш мебошанд. «Чилдухтарон» аз ҷиҳати баландӣ ва иқлим аз сарватҳои табиӣ, гулу гиёҳҳои шифобахш, ҷонварону паррандагони нодир хеле бой аст.
Кӯҳи «Чилдухтарон» яке аз мавзеъҳои назарработарини Тоҷикистон мебошад, ки ҳар як сайёҳи ба кишвари мо сафаркарда албатта аз он ҷой дидан мекунанд.
Чилучорчашма
Мавзеи табиии Чилучорчашма дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон воқеъ аст. Дар ин мавзеъ, ки дар гузашта дашту биёбон буд, аз таги теппаи начандон баланд 5 чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад.
Бостоншиносони шӯравӣ мавзеи Чилучорчашмаро кашф карданд, ки ба давраи мезолит тааллуқ дорад. Ин ном дар забони тоҷикӣ маънои чилу чаҳор сарчашма буда, аз «чашма» - чашма, калид, сарчашма омадааст. Аз домани теппаи хурд панҷ чашмаи калон ҷорӣ мешавад, ки ба 39 чашмаи хурдтар тақсим мешаванд. Оби чашмаҳо канали васеъаш 12-13 метрро ташкил медиҳад, ки дар он моҳиҳои (намудҳои гуногуни насли Маринка) ва инчунин гулмоҳӣ зиндагӣ мекунанд. Манбаъро сокинони Тоҷикистон ва Узбекистони ҳамсоя медонанд ва онҳо аксар вақт тобистон ба ин ҷо меоянд. Касоне, ки ба чашма зиёрат мекунанд, намоз мехонанд, таҳорат мекунанд, ғусл мекунанд (канал ҷои оббозии мардон аст) ва қурбонӣ мекунанд. Оби 17 чашма шифобахш ҳисобида мешавад. Дар атрофи чашма дарахтони чинору сафедор месабзанд, боғи калон паҳн кардааст.
Дар болои сарчашма як теппаи хурд бо мазори хурд - мақбара, ки ибодати мусулмонон аст, ҷойгир аст. Тибқи ривоятҳои маҳаллӣ дар он авлиё бо номи Қамбар Бобо, ки оғои ҳазрати Алӣ (599-661) буд ва ба хачираш Дулдул нигоҳубин мекард, дафн шудааст. Дар наздики кабрхои боз чор авлиёи номаълум дафн шудаанд. Дар замони шуравӣ дар ҷои мазор хонаи истироҳатӣ байниколхозӣ барои пахтакорону говчушхо ташкил карда шуда буд.
Он макони муқаддасест, ки бо Алӣ алоқаманд медонанд - «қадамҷой»-и ӯ ба шумор меравад. Тибқи анъанаи маҳаллӣ, ҳангоме ки Алӣ ба мавзеъҳои таблиғи ислом сафар кард, дарёи наздики Ромит хушк шуд. Баъд Али уро Кофарниҳон номид. Ба маконе, ки Чилучорчашма вокеъ аст, расида, Алӣ ба домани теппа зад ва дар он чое, ки ангуштонаш ба замин мерасид, панч чашмаи софтаринро барканор карданд. Чилучорчашма макони зисти моҳиҳои бисёре мебошад, ки шахсро тамошои шинои моҳиҳо мафтун месозад.
Ҳар як чашмаи Чилучорчашма хусусияти табобат ва номи маҳаллии хос дорад. Сайёҳонро софу беолоиш ва дармонбахшии оби чашмаҳои ин мавзеъ ва моҳиҳои зебову чашмрабои он мафтун кардааст.
Пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.
Хоҷамуъмин
Хоҷамуъмин кӯҳи намакест дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, 4 км ҷанубтар дар соҳили чапи дарёи Ёхсу воқеъ гаштааст. Кӯҳи Xоҷамуъмин яке аз калонтарин дар ҷаҳон гунбазҳои намак мебошад. Тарҳи он аз боло доирашакл буда, аз паҳлу ба конуси сарбурида монандӣ дорад. Диаметри гунбаз бештар аз 8 км, баландиаш аз сатҳи баҳр 1336 м, аз сатҳи водии дарёи Ёхсу қариб 700 м. Тамоми кӯҳ аз намаксанги сафеди сабзтоб, бунафш ё сурхчатоб иборат аст, ки рӯи онро қабати 42 м ҷинсҳои гипсу ангидритдор пӯшидааст.
Нишебиҳои кӯҳи Xоҷамуъмин ҷаридор, баъзан рости девормонанд мебошанд. Баландии ҷариҳо 50—150 м. Ҷо-ҷо дар танаи ҷариҳо шушаҳо (сталактитхо)-и намаки овезонанд. Болои кӯҳ чуқуриҳои бисёре дорад. Сохти кӯҳи намак ба замбӯруғи азиме шабоҳат дошта, гунбази он дар рӯи замин ва пояаш дар зери замин ҷойгир шудааст.
Чуқурии решаи кӯҳи намак то имрӯз маълум нест. Тахмин меравад, ки гунбази намак дар аввалҳои давраи чорумин (антропоген) табақаи ҷинсҳои болохобидаро рахна карда баромадааст. Захираи тахминии намаки Xоҷамуъмин 40—50 миллиард тонна мебошад. Аз доманаю нишебиҳои Xоҷамуъмин 163 чашмаи шӯр ҷорист, ки баъзеи онҳо дар заводи намаки Восеъ барои гирифтани намак истифода мешаванд. Гунбази намаки Xоҷамуъмин аз ҷиҳати бузургӣ ва баландии худ яке аз ёдгориҳои барҷастаи геологии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Тахти Сангин
Тахти сангин – ин шаҳркада дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод гардидааст.
«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин аст (1300 номгӯй), ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар Қабодиён (Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда, онро харидорӣ намудаанд.
Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё»-ро фурӯхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли музейи Британия, ки дар шаҳри Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Номи «Хазинаи Амударё»-ро ба бозёфтњои шаҳркадаи Тахти сангин муҳақиқи англис О.М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ӯ, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қубодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин аст (1300 номгӯй) коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ тааллуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И.Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои “Маъбади Окс”, ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин гаҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, “Маъбади Окс” муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.
«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкӯҳи Тешиктош пайваст мешавад.
Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51 ба 51) фаро гирифтааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00