Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ғамхорӣ ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ


Ғамхорӣ ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ



Имрӯз дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид. Дар кори машварати августӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони соҳавии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини соҳаи маорифи вилоят, омӯзгорони собиқадор ва фаъол аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Роҳбарияти Олии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба рушд ва пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа, вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, ки аз се самти асосӣ: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборатанд, пайваста таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Дар гузориши раиси вилоят чунин ишора гардид: “Соҳаи маорифи вилояти Хатлон баҳри расидан ба ин ҳадафҳо, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолони вилоят рӯзи 24 феврали соли орӣ вазифагузорӣ намуда буданд, истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, пуррагардонии эҳтиёҷоти кадрӣ дар соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагони аълохон, корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳанд овард”.

- Махсусан, баровардани 5 муассисаи таълимӣ аз вагонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз вазъи себаста раҳоӣ бахшидани 7 муассисаи таълимӣ, маблағгузориҳо дар татбиқи Барномаҳои давлатӣ, ташкили чорабиниҳои дастгирии соҳаи маориф ва ҳавасмандӣ ҷиҳати баланд бардош тани мақоми омӯзгор, аз қабили таъсиси Маркази методӣ, таълимӣ ва таҳияи адабиёти таълимӣ бо 15 воҳиди корӣ, ҳавасмандии ғолибони хатми муассиса бо аттестати аълои универсалӣ (10 ҳазор сомонӣ ба хонанда, 3 ҳазор сомонӣ ба директори муассиса), таъсиси Ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб” бо мукофоти 20 ҳазор, Ҷоизаи бо нишони “Омӯзгори ифтихории Хатлон” (3000 сомонӣ), Ҷоиза бо нишони “Соҳибватан” барои хонандагон (2000 сомонӣ), шаҳодатнома ва мукофоти “Собиқадори маорифи Хатлон”, 50 номинатсияи “Беҳтарини маорифи Хатлон”, ташкили аксияҳои ҳамкорӣ барои рушди маориф ва чандин чорабиниҳои ҳавасмандӣ омода карда, дар минбаъда низ нақшаҳои хос ҷиҳати иҷрои дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маорифро дорем, - таъкид дошт раиси вилоят.

Ба қавли раиси вилоят вобаста ба ин Муроҷиатномаи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ба фаъолони вилояти Хатлонро қабул намуда, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсат ва шуъбаҳои маориф бо иштироки роҳбарони сохтор, директорону мудирони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ Ситоди доимоамалкунанда оид ба бартарафсозии мушкилоти соҳаи маориф таъсис дода, бо ташкили “Рӯзи Раёсат” дар шаҳру ноҳияҳо ва “Рӯзи шуъбаи маориф дар мактаб” мушкилот бо иштироки бевоситаи раисон ва муовинони соҳавӣ дар сатҳи маҳал баррасӣ шуда, бо таҳия ва корбарии нақшаи ислоҳи камбудиҳо давра ба давра бартараф карда мешаванд.

Дар идома Қ. Ҳакимзода гуфт, ки хонандагони муассисҳои таълимии вилояти Хатлон дар даври ниҳоии Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ то имрӯз ҳамагӣ 620 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштаанд, ки аз инҳо 82 медали тилло, 184 медали нуқра ва 354 медали биринҷӣ мебошад, ки нисбати соли гузашта 195 медал зиёдтар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд. Ҳамзамон, хонандагони вилоят дар олимпиадаи сатҳи байналмиллалӣ сазовори 61 ҷойҳои фтихорӣ гардиданд, ки дар маҷмӯъ дастовардҳои хонандагон 681 ададро ташкил намуданд. Бори аввал муваффақияти Худойқулова Омина – хонандаи синфи 9, литсейи №1-и ноҳияи Восеъ ғолиби ҷойи аввали озмуни байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ дар давлати Англия боиси фараҳмандии аҳли маорифи вилоят гардид.

Ҳамчунин, дар машварат иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2021-2022-юм 7 нафар хатмкунандагони вилоят (соли гузашта 5 нафар) соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқраи хатми мактаби миёна гардиданд. Гарчанде, ки натиҷаҳо нисбати соли таҳсили қаблӣ назаррас бошад ҳам, қонеъкунанда нест.  

Дар ҳуҷҷатдории довталабон хатогиҳои зиёд ба чашм мерасид. Ба ин хотир ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят зарур даст, ки дар самти беҳтар гардидани сатҳи донишазхудкунии хонандагон, дохилшавии хатмкардагони таълимгоҳҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои олии хориҷи кишвар, иштироки хонандагон дар ҳаракатҳои олимпӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра бо масъулияти ҳар як директори муассисаи таълимӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Қ. Ҳакимзода афзуд, ки ҷиҳати рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” аз аввали соли таҳсили 2021-2022 то давраи ҳисоботӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Вахш, Панҷ, Дӯстӣ, Қубодиён, Хуросон, Ёвон, Носири Хусрав, Левакант ва Норак мутахассисони ҷавон аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор шуда, дар ноҳияҳои Панҷ ва Хуросон бо заминҳои наздиҳавлигӣ ва полезӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Дар кори машварат, тибқи қарори раиси вилоят ба як қатор омӯзгорони фаъол Ҷоизаи раиси вилоят дар соҳаи маориф дар соли 2022 ва Ифтихорномаи раиси вилоят бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор супорида шуд. Аз ҷумла, ғолибони Ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб”, “Омӯзгори ифтихории Хатлон” (10 нафар), “Соҳибватан” (11 нафар), «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф» (10 нафар), «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои олимони эҷодкор» (26 олим ва 8 роҳбари илмӣ) муайян ва қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, бори аввал шаҳодатнома ва мукофоти “Собиқадори маорифи Хатлон” таъсис дода шуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Фаромӯз БОБОЕВ ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода