РАИСИ ВИЛОЯТ БА АҲВОЛПУРСИИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМ ВА КАМБИЗОАТИ ШАҲРИТУС РАФТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 09 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз, Боздид 1 197Дар рӯзи якуми соли нави 2021 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба дидори тарбиягирандагони Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ноҳиявии кӯдакони ятим ва камбизоати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус рафт.
Барои кӯдакони мактаб-интернат дар тарабхонаи маркази хизматрасонии "Марҳабо" аз номи Пешвои миллат дастурхони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.
Зимни мулоқот бо ятимон раиси вилоят наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба омӯзиши илмҳои муосир, дӯст доштани ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо кардани ватани аҷдодиамон ҳидоят намуд.
- 22 сентябри соли 2020 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин толор бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуда буданд, - ёдовар гардид раиси вилоят. - Ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Қурбон Ҳакимзода ба ятимон, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳо иборат аз сару либоси мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол, инчунин ба мактаб-интернат компютерҳою таҷҳизоти гармидиҳанда тақдим намуд.
Қобили зикр аст, ки мактаб-интернати кӯдакони ятим ва камбизоати ноҳияи Шаҳритус соли 1995 таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии он 1 гектар буда, аз бинои хобгоҳи дорои 7 ҳуҷраи хоб, ҳаммом, ошхона иборат мебошад.
Айни замон дар муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ноҳиявии кӯдакони ятим ва камбизоат 81 нафар тарбиятгирандагон аз ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва Вахш фаро гирифта шудаанд, ки 25 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Аз шумораи хонандагон 2 нафар ятими кулл, 21 нафар бепадар, 9 нафар бемодар ва 36 нафар бепарастор мебошанд.
Хонандагони мактаб-интернат дар тамоми олимпиадаву мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мактаб-интернат 8 нафар мураббиён фаъолият менамоянд, ки дар тарбияи кӯдакон саҳм мегиранд. Дарсҳои таълимии хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 гузаронида мешаванд.
Муассисаи мазкур дар тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон сарпарастии муассисаро ба уҳда дорад, ки мунтазам дар арафаи ҷашнҳо ба бошандагонаш сару либос ва туҳфаҳои идона расонида мешавад.
Дар охири мулоқот раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз тарбиятгирандагони мактаб-интернат даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон