Таъмини шароити мусоид барои содирот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 293
26 апрел дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода вобаста ба содироти маҳсулоти кишоварзии тезвайроншаванда, бахусус пиёзи барвақтӣ, ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуда, зиёд намудани содироти пиёзи барвақтӣ аз вилояти Хатлон, мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр шуд, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани содироткунандагони ватанӣ мебошад.
Иштирокчиёни Ситод аз истгоҳи роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ дидан карда, бо шароиту имконоти он аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Дар назди истгоҳи роҳи оҳан равзанаи ягона ташкил ёфтааст, ки дар он намояндагони гумрук, роҳи оҳан, амонатбонк, андоз, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентиҳои “Тоҷикстандарт”, содирот, Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти назоратӣ шомил мебошанд. Таъсиси ин равзана имкон фароҳам овардааст, ки деҳқон ё содироткунандаи маҳсулот бе ягон сарсонӣ ҳама ҳуҷҷатгузориҳоро ба сомон оварад. Барои содироти маҳсулот 40 вагон-қатора пурра омода буда, нигоҳдории маҳсулот дар анборҳои истгоҳҳои роҳи оҳани вилоят ройгон мебошад.
Таъкид гардид, ки соли 2021- ум аз ҷумҳурӣ 230 ҳазор тонна маҳсулот содирот шудааст ва ин рақам дар соли 2022-юм бояд афзоиш ёбад, зеро меваю сабзавоти Тоҷикистон дар хориҷи кишвар харидори зиёд доранд.
http://khatlon-ruznoma.tj/