Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Хатлон нақшаи даъват 50% иҷро шуд


Дар Хатлон нақшаи даъват 50% иҷро шуд



Аз оғози даъвати баҳории ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ 20 рӯз сипарӣ гардида, ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома дорад.


Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи кишвар, иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон зиёда аз 50%-ро ташкил медиҳад. 


Бояд қайд кард, ки ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва Носири Хусрав нақшаи иҷроро дар рӯзҳои аввал ба 100% расонида буданд. 


Инчунин, манбаи болозикр хабар медиҳад, ки иҷрои нақшаи даъват дар худи қаламрави ҷумҳурӣ низ беш аз 50%-ро ташкил медиҳад.

Набиҷони САИДАБРОР, 
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода