Дар як сатр
» » Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

1-03-2016, 17:34


Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» барои миллати тоҷик ва наслҳои имрӯзу оянда санади зарурӣ, саривақтӣ ва роҳнамо мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кард, аз ҷониби мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардид.

Пешвои  миллат - раҳнамои миллат


Мардуми кишвар хизматҳои Сарвари давлатро қадр намуда, ин қонунро дар ҳама гӯшаву канори кишвар бо хушӣ пазируфтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар як суханронӣ ва вохӯрию мулоқотҳояш ба мардуми кишвар таъкид менамояд, ки нисбати ҳодисаву рӯйдодҳои ҷомеа, вазъи ҷомеа бетараф набошему дар ҳама маврид ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Таъкид ва даъватҳои ин шахси нотакрор ҳушдор месозад, ки мо як Ватани азизу муқаддас дорем ва бояд онро ҳифз намоем. Ин суханон ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ баён гардида буданд. Натиҷа ҳамин буд, ки ақли солим ғолиб омаду дар ин Иҷлосияи тақдирсоз Ҳукумати конститутсионӣ бо талошҳои Пешвои миллат барқарор шуд. Ҳақ ба ҷониби Паёмбари ислом аст, ки гуфтааст: «Ҳамаи корҳо ба ният аст». Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. ӯ мисли як ситораи бахт, як рӯшноии фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ, фикри мардум ва умеди наҷоти миллат шарик шуд, аз рӯҳи ниёгони миллат ғизо гирифт, бо нияти неки худ аз мадади Худованд баҳраманд гашт, мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод.

Баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд воқеан ҳам таърихӣ буда, дар он ҳокимияти қонунии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат барқарор карда шуда, асоси давлати тозабунёди тоҷикон гузошта шуд. Дар иҷлосияи мазкур дар баробари дигар масоили муҳим масъалаҳои хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр арзи ҳастӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи ҳозирин қарор дошт. Зеро масъалаи аз ҳама муҳим ва тақдирсоз дар ин давра аз парокандагӣ ва барҳамхӯрӣ эмин нигоҳ доштани Тоҷикистон буд, ки дар рӯзномаи иҷлосияи таърихӣ гузошта шуд. Пӯшида нест, ки хизматҳои беназири Роҳбари давлат баҳри якпорчагии миллату давлат, ваҳдат, созандагиву ободкорӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа ба назар мерасад. Сухан гуфтан аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, пуштибонӣ кардан аз дини мубини ислом, бегона будани терроризм ба дини поки ислом далели гуфтаҳои болост. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар чунин шароити ногувор ва гуногунандешӣ, ки дар Тоҷикистон ҳукмронӣ мекард, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонат изҳор намуд: «То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷик гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам, ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам ва мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем» ва ҳамаи ин гуфтаҳояшро дар амал барои миллати тоҷик татбиқ намуд.

Ба қавли собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан: «Тоҷикон намунаи беназири сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд». Аз ин лиҳоз, бояд ба ин дастоварди оламшумул ҳамеша эҳтиром гузорем, онро таҳкими ваҳдати милливу рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донему ба халалдор гардиданаш ҳаргиз роҳ надиҳем. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолияти дав-латӣ ҷумҳуриамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯ ба рушд ниҳода, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид. Дар ин давра бунёду сохтмони роҳу нақбҳо, муассисаҳои таълимию бемористонҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, пулҳо, биноҳои истиқоматӣ ва садҳо иншооти дигар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», нақбҳои Истиқлол, Озодӣ ва Шаҳристон, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, оғози бунёди калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе, ҷудо гардидани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, тариқи квотаи президентӣ таҳсил намудани ҷавондухтарону писарон дар мактабҳои олии кишвар ва хориҷи он, бастани шартномаҳои меҳнатӣ байни Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва садҳо кори хайру савоб мисоли ин гуфтаҳо мебошанд. Дар кишвари мо бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини озодии виҷдон таъсис додани иттиҳодияҳои динӣ, ба шаҳрвандон муҳайё намудани шароиту имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи диниашон, озодона ба ҷо овардани расму оин ва маъракаю маросимҳои динию мардумӣ, адои ҳаҷ ва корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.
Сарвари давлат миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима, ҳамзамон давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Мо-мардуми шарифи вилояти Хатлон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ободонии Тоҷикистони азизамон саҳм мегузорем.

Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф,
сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллист

Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллист

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА, КОМРОНИ БАХТИЁР