Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МОМОҶАВОБАК


МОМОҶАВОБАК



Солҳои пешин дар байни мардуми деҳот ривояту ҳадисҳои зиёди пандомез вуҷуд доштанд. Масалан, шомгоҳон аз рӯи хокистар гузаштан хосияти хуб надошт. Гӯё ҷину аҷинаҳо дар хокистарҷо ҷамъ омада, рақсу бозӣ ва ё “тӯй” меоростанд. Ҳамчунин, оби биринҷшустаро зери пой намерехтанд. Дар ҷойи алоҳида, бештар дар поёни ҳота чуқур кофта онро мерехтаанд ва бо хок мепӯшониданд. Дар ҷойҳои серянтоқу алафзори саҳро ва байни қамишзори дохили каналҳо бошад, Момоҷавобак ном махлуқе зиндагӣ карда, гӯё ба ҳар як овоз акси садо бароварда, ба одамон ҳозирҷавобӣ мекардааст.

Фасли   тобистон.  Мавсими пахтачинӣ   буд.  Пахтазор   аслан дар заминҳои наздикӯҳӣ ва ё пуштаю ёлаҳои дур аз деҳот ҷойгир буд.  Мардум  аз   субҳи   содиқ    то шомгоҳон    машғули   ҷамъоварии пахта   мешуданд.  Бегоҳӣ  пахтаи чидаро супорида, гурӯҳ-гурӯҳ , зери осмони   моҳтобӣ    сурудхонон    ба хона бармегаштанд.

Дар яке аз чунин рӯзҳо дугонаҳо Чаману   Суман   аз   ҳама   охир   аз саҳро баромаданд. Дар роҳи хона маслиҳат   карданд,   ки    мавҷудияти Момоҷавобакро    муайян   кунанд. 


Онҳо    дар   нимароҳ,   дар   макони момоҷавобакҳо қарор гирифта, чанд   маротиба   садо   бароварданд. Вале аз тарафи муқобил ҷавобе нашуд. Раҷаб, бачаи шӯхи маҳалла, мақсади  дугонаҳоро ҳанӯз  вақти аз хирманҷо баргаштан  фаҳмида буд, байни алафзору буттаҳои газ пинҳон   шуда,    интизори    дугонаҳо шуд. Дугонаҳо боз садо карданд: 

“Момоҷавобак,   ту    дар    куҷоӣ? Момоҷавобак,   ҳой   Момоҷавобак!” 

Ин дафъа акси садо баромад: “Ҳу-у-у, ман ҳаминҷоям”. Чаману Суман аз тарс ба ларза даромаданд. Лаҳзае хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. 

Момоҷавобак боз садо карда, духтаронро аз тарс берун намуд ва ба суҳбат хонд.

-  Момоҷавобак,   синни   мо   ба шавҳар   расидааст,   мо   кай   тӯй мешавем?-пурсиданд дугонаҳо.

-Баъди   як   ҳафта,-  шунида   шуд аз тарафи муқобил.

-Ба кӣ мерасем?- шерак шуданд Чаману Суман.

-Ба Бобоҷавобак. 

-Хушбахт мешавем ё не?

- Бобоҷавобак марди шӯху бекина аст, албатта хушбахт мешавед.

-Бобоҷавобак ба кадоми мо хостгор    мешавад,-фаҳмиданӣ   шуданд духтарҳои пурорзу.

-Ба ҳардуи шумо, аз ин никоҳ хушбахт мешавед,- дили духтаронро пур кард Момоҷавобак.

Ҳамин тавр, дугонаҳо хурсанду қаноатманд шуда, роҳи хонаро идома доданд.

Аз ин мулоқотҳои ғайб як ҳафта гузашт.   Раҷаб   дар   рӯзи   ваъдагӣ, дар вақти баргаштан аз саҳро пеши роҳи дугонаҳоро гирифта гуфт:

-Кай тӯй мехӯрем?

-Чӣ хел тӯй?- ба тааҷҷуб афто-да пурсиданд дугонаҳо.

-Тӯйи арӯсӣ, худатон қавл до-дед, ки ба шавҳар мебароед.

-Ба кӣ қавл додем?

-Ба   ман,  -  бо    хандаи   баланд гуфт Раҷаб.

-Охир ту Момоҷавобак не-ку?!

-Ман   Бобоҷавобак,    шавҳари Момоҷавобак.  Завҷаам  он  рӯз истироҳат дошт, ба ҷойи ӯ ман “кор” кардам,- фаҳмонд Раҷаб.

- Гӯр шӯхиҳоят шавад, инро дар ҳеҷ куҷо овоза накун, мо як оши сергӯшт қарздор,-гуфтанд дугонаҳо.

-Орзу кардан айб нест, ош шавад,  ман  даҳонамро  мебандам,  -  боз ҳазломез гуфт Раҷаб.

Вале баъди ошро хӯрдани Раҷаб, ин ҳодиса дар деҳа овоза шуд...

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода