Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

13-04-2015, 16:57

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

“Раис, ки шудӣ, кор кун! Ба халқ, ба Ватан хизмат намо! Вагарна арзандаи ин курсӣ кам нест”.

Ин нуктаро Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали сол зимни интиқод аз кори номуассири бархе аз раисони шаҳру навоҳии вилоят дар ҳама “ҷабҳа”-ҳои меҳнат изҳор дошт. Таҳлили куллии кори роҳбарони вилоят аз ҷониби Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, сурат гирифт.

Дар истинод ба он таҳлилҳо, ҳарчанд дар вилоят нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 108,2 дарсад ё нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 28,9 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардид, аммо ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Фархор ва Ёвон иҷрои пурраи онро таъмин карда натавонистанд.

– Мутаассифона, масъулони навоҳии Ҷ. Румӣ, Қубодиён, Қумсангир, Шаҳритус ва Темурмалик, дар ҳоле, ки манбаъҳои истифоданашудаи андозситонӣ кам нестанд, иҷрои нақшаро 3, 4, 5-рӯзӣ дер таъмин карданд, - изҳор намуд Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон. - Гурӯҳи кории вилоятӣ муайян намуд, ки дар ду бозори ноҳияи Фархор 65 соҳибкор бидуни ҳуҷҷати расмии нозироти андоз ба фаъолияти тиҷорӣ машғул буда, дар ноҳияҳои Ёвон, Қумсангир, Носири Хусрав, Фархор, Муъминобод ва Вахш дар натиҷаи напардохтани 4-8 намуди андоз 17 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст.
Дар рабт ба бақияпулиҳои андоз дар вилоят то 1-уми марти соли ҷорӣ Р. Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр кард, ки он ҷамъан 119 миллион сомониро ташкил дода, ба ҷойи кам шудан, дар қиёс ба аввали соли 2015 1,9 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Бад-ин минвол мавсуф ба бисёр мушкилоти кории сатҳи вилоят дахл намуда, минҷумла гуфт, ки бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Вахш, Хуросон, Балҷувон, Ховалинг ҷавобгӯйи талабот нест. “Музди миёнаи меҳнат дар ноҳияҳои Фархор, Темурмалик, Н. Хусрав, Шаҳритус, Ҷ. Румӣ аз сатҳи вилоят: 648 сомонӣ пасттар аст. Қарздорӣ аз маоши моҳона дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон ба 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, Норак - 649 ҳазор сомонӣ, Сарбанд - 355 ҳазор сомонӣ, Панҷ - 284 ҳазор сомонӣ, Қӯрғонтеппа - 198 ҳазор сомонӣ ва Фархор ба 165 ҳазор сомонӣ расидааст. Новобаста ба тадбирҳои андешидаи маъмурони шуъбаҳои Бонки миллӣ ва мақомоти интизомӣ дар бозорҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ҳанӯз ҳолатҳои вайронкунии тарзи нигоҳдорӣ ва фурӯши асъори хориҷӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар анҷом нашудани кори назаррас аз ҷониби соҳибкорони хатлонӣ, ҳамагӣ 7 лоиҳа бо маблағи 3,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дастгирӣ ёфтаасту бас. Соҳибкорони ҳамагӣ 7 шаҳру ноҳия 11 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бунёд намудаанд, ки ин хеле кам аст ва аз 518 корхонаи мавҷуда 119-тояш фаъолият накарда, 45-тояш ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро коҳиш додаанд”, - изофа кард муовини раиси вилояти Хатлон.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар доираи мушкилоти тазаккурёфта бо раисони навоҳии А. Ҷомӣ Сулаймонзода Акрам, Фархор - Раъно Раҳимзода, Ёвон - Амирбеки Темур ва Шаҳритус - Абдуалим Исмоилзода чандҷумлаӣ радду бадал намуда, онҳоро муваззаф намуд, ки дар кӯтоҳфурсат камбудиҳоро рафъ намуда, нишондиҳандаҳои иқтисодии ноҳияҳояшонро беш аз пеш тақвият бибахшанд. “Дар бисёр самтҳои хоҷагии халқ ҳисобу китоби аниқ ва дастоварди хуб надоред. Агар ки аз ҳозир иҷроиши барзиёди нақшаи андозро таъмин накунед, пас, дар охири сол барои пардохти музди маоши зиёдшудаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз куҷо маблағ меёбед? Ҳол он ки барои ноил шудан ба ин ҳадаф миллионҳо сомонии иловагӣ зарур аст”, - гуфт раиси вилояти Хатлон.

Сипас, мавсуф доир ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода, масъалаҳои кишт ва обёрии зироат, ҷамъоварии меваю сабзавот, ҷалби соҳибкорон ба бунёдкорӣ, тарбияи фарзанд, пешгирии ифротгароӣ, авлавият бахшидан ба либосҳои миллӣ, дастгирии молии ятимони кулл, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва дигар масоили рӯз бо муовинони раиси вилоят ва сардорони раёсатҳои зирабт гуфтугӯи мухтасар анҷом дод.

Гуфта шуд, ки “Вақте ҷавонон дар ҷангҳои кишварҳои даргир мефавтанд, баъд мефаҳмем, ки аз ноҳияи мо будаанд. Ҳол он ки раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд аз ҳавлу ҳоли ҳар як ҷавон воқиф бошанд”.

Баъдан, Д. Гулмаҳмадзода ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки ба ятимони кулл ва нимятимоне, ки дар макотиби олӣ таҳсил мекунанд, ҳамеша кӯмаки молӣ расонанд.

Дар робита ба масоили мактабу маориф Д. Гулмаҳмадзода ба муовини раиси вилоят Ситора Шерзода ва сардори Раёсати маорифи вилоят Ҳокимхон Валиев муроҷеъ шуд, ки камбудиҳоро бояд раёсат дар ҳузури сарварони мактабҳои вилоят муҳокима ва роҳҳалашонро пайдо намоянд. “Сарвари собиқи мактаби президентии ноҳияи Бохтар ҳамроҳ бо ошпаз ва мудири анбори муассиса пули кӯдакҳоро хӯрдаанд. О ин чӣ гап?! “Таъминоти мактабҳо сарикасӣ шуд” гуфта магар ба ҳамин гуна корҳо даст мезананд? Ҳамаи ин аз беназоратию беаҳамиятӣ аст. Қариб 60 дарсади маблағҳои буҷетӣ, яъне камобеш 1 миллиард сомонӣ фақат барои соҳаи маориф ихтисос дода мешавад. Ба онҳо чӣ намерасад? Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак - шогирд фардо кӣ мешавад?! Дигар мактабҳоро ҳам дидан даркор, то ин ки маъмурон ба чунин амалҳои ноҷоиз даст назананд”, - афзуд раиси вилоят.

Дар интиҳои ҷаласа Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, аз масъулони ҳама соҳаҳо хост, ки фаъолияти хешро хубтар ба роҳ монанд, то дар ғановати дастархони мардум, таъмини рӯзгори осоишта ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб саҳми назаррас гузошта бошанд.

Зокир ҲАСАН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Иқтисоду тиҷорат, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ