Дар як сатр
» » Восеъ. Бо дастовези идона

Восеъ. Бо дастовези идона

21-03-2015, 10:44

Сокинони ноҳияи Восеъ чун дигар мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ, таҷлили бошукӯҳи он омодагии комил гирифтанд. Ба ин муносибат давоми ду моҳ корҳои ободониро вусъати тоза бахшида, чи дар бахши сохтмон ва чи кабудизоркунию ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти назаррасеро ба сомон расониданд.

Баробари ривоҷ бахшидани корҳои сохтмонӣ давоми ду моҳи гузашта беш аз 85 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонда, дар бахши низом бахшидани роҳраву роҳҳои маркази ноҳия ва ҳамчунин маҳаллаҳои зисти деҳот як зумра корҳоро анҷом доданд.

Давоми беш аз як моҳ аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ барои дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронидани ҷашни Наврӯзи ниёгон боғи фароғатию истироҳатии маркази ноҳия ва майдони варзишӣ корҳои таъмирию азнавсозӣ бо суръат идома дошт ва он дар арафаи ид пурра ба охир расонда шуд.
Восеъ. Бо дастовези идона

Корхонаи намакистеҳсолкунии ноҳия бошад, баробари беҳтарин намудҳои намаки ошӣ, ҳамчунин истеҳсоли намакро барои чорво ба роҳ монд. Дастгоҳҳои он аз давлати Олмон оварда, насб карда шудаанд. Қабл аз иди Наврӯз дар ин ҷо тантанаи кушодашавии сехи нав баргузор гардид.

Наҷот САФАРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА