БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №24 ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 27 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус аз рафти корҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, воқеъ дар деҳаи Хуршоди деҳоти Айваҷ, боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ барои таҳсили 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо ташаббуси сокинони маҳал ва бо дастгирии соҳибкорону шахсони ватандӯсти деҳа бунёд мешавад. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо дар маҳал татбиқи амалии сиёсати маорифпарварона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас равона гардидааст.
Бинои мазкур аз ду ошёна ва 19 синфхона иборат буда, барои 450 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён дошта, барои бунёди он зиёда аз 4 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷараёни корҳои сохтмониро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ба сифати иҷрои корҳо, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани саривақтии иншоот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Иброз гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур дар оянда мушкилоти норасоии ҷойи нишасти хонандагонро бартараф намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷом раиси вилоят ба сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони ватандӯст барои ташаббуси созанда ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф изҳори сипос намуда, чунин амалҳоро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
МУНАВВАРШОИ ЗАФАР,
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00