Ҳуқуқи кӯдаконро ҳифз менамоем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 869
Ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқу озодиҳое аст, ки бояд ҳар як кӯдак новобаста аз ҳаргуна тафовути нажодӣ, ҷинс, забонӣ, динӣ ва ҷойи таваллуд, баромади миллӣ ва иҷтимоӣ, ҳолати молумулкӣ, табақавӣ ва ё дигар ҳолат аз он бархӯрдор бошад.
Кафолатҳое, ки меъёрҳои моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намудааст, ин таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани кӯдак ва дар ин радиф, ба уҳдаи давлат масъулияти азими рушди соҳаи иҷтимоӣ гузоштанро инъикос менамояд. Ин масъулият аз андешидани тадбирҳое иборат аст, ки ба устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модарӣ, ҳимояи манфиатҳои ҳама аъзои оила, аз ҷумла кӯдакон ва муҳайё кардани шароите нигаронида шудаанд, ки амалишавии пурраи ҳуқуқи оилавиро кафолат медиҳанд. Инъикоси ин меъёри конститутсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими муносибатҳои ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти як зумра санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ татбиқ шудаанд.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ дар кишвар қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидаанд. Дар ин радиф, барои дуруст ба роҳ мондани назорат ва татбиқи механизми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шуд.
Дар ин самт, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак амалӣ менамояд. Ҳамзамон, барои самарабахш амалӣ шудани ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳифзи он дар кишвар бо супориш ва саҳми бевосиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлату Ҳукумат дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи марти соли 2015 қонуни ягонае вуҷуд надошт, ки (албатта ба истиснои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бобҳои 11, 18,19 ва 20 омадааст) барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқии кӯдакон равона шуда бошад, ки ин, албатта, баҳсҳо ва мухолифатҳои гуногунро оид ба муайян кардани мафҳуми истилоҳи кӯдак, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони ятим, бепарастор ва дигар масъалаҳои ба ин монандро ба миён меовард.
Хушбахтона, бо назардошт ва амалӣ намудани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналхалқӣ дар самти вазъ, татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, №1196 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шуд, ки ин бори дигар барои мустаҳкамкунии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак шароити мусоиди ҳуқуқию моддӣ фароҳам меорад.
Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак зарур аст, ки чораҳои самарабахш оид ба ҳифзи онҳо аз зӯроварӣ дар оила ва дигар намудҳои зӯроварӣ андешида шаванд. Зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, муносибати манфии равонӣ ва ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта зоҳир мегардад. Ин падидаи номатлуб ҳуқуқҳои кӯдакро ба ҳаёт ва саломатӣ вайрон карда, шаъну шарафи ӯро паст мезанад ва ба рушди ояндаи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, имрӯз нисбати кӯдакон аз ҷониби падару модар, ҳамсолон ва калонсолон шаклҳои гуногуни зӯроварӣ истифода мегарданд.
Ҳамин тариқ, ҳолат, амалигардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор мушкилоти ҷойдошта вобастӣ дорад, ки барои дар амал татбиқ шудан ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон бо ҳалли чунин тавсияҳо алоқамандӣ доранд: расонидани ёрии равонию иҷтимоӣ ба кӯдаконе, ки зери хавфи мухолифат бо қонун қарор доранд, аз ҷумла ба кӯдакон аз оилаҳои камбизоат; ворид намудани воҳиди кории равоншиносон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ; беҳтар кардани дастгирии иҷтимоии оилаҳое, ки дар тарбияашон кӯдакони имконияташон маҳдуд доранд; андешидани чораҳо баҳри таъмин намудани дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ, мактабҳо, дигар муассисаҳои дахлдор ва нақлиёти ҷамъиятӣ; иттилоотонии аҳолӣ оид ба меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва баланд бардоштани маърифати ахлоқию ҳуқуқии аҳолӣ бо мақсади пешгирии ҳамагуна зӯроварӣ нисбати кӯдакон.
Умед Назирмадов, корманди Суди шаҳри Кӯлоб,
Бахтиёр Назаров, омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...