Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ташкили ярмаркаи маводи озуқа дар Кӯлоб


Ташкили ярмаркаи маводи озуқа дар Кӯлоб



Бахшида ба иди шарифи Рамазон дар шаҳри Кӯлоб аз 23 то 30 апрел ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, макарон, қанд, картошка, пиёз, сабзӣ ва ғайра бо нархи арзон ба роҳ монда мешавад.

Ба иттилои мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Алимад Раҳмонов, корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Кӯлоб, ҷамъияти матлубот ва соҳибкорон маҳсулоташонро дар 4 нуқтаи шаҳр ба фурӯш мебароранд.

Чунин ярмаркаҳо ҳамасола дар арафа ва рӯзҳои иди рамазон ва қурбон, дигар сана ва рӯзҳои ҷашнӣ ба роҳ монда шуда, корхонаҳо маҳсулоташонро бо нархи арзон дастраси мизоҷон мегардонанд.

- Агар як халта орд дар бозор ва мағозаҳо аз 340 то 360 сомонӣ фурӯхта шавад, нархи як халта маҳсулоти корхонаи орди Кӯлоб 300 сомонӣ мебошад, - гуфт Алимад Раҳмонов.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 апрели соли равон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасиии моҳи шарифи Рамазон аз кулли шаҳрвандони кишвар даъват карданд, ки тамоми захираву имкониятро барои истеҳсоли маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар намоянд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода