Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 81,4%-и аҳолии вилоят ваксина гирифтанд


81,4%-и аҳолии вилоят ваксина гирифтанд



Дар вилояти Хатлон то 31 январи соли 2022 беш аз 1 миллиону 665 ҳазору 30 нафар, яъне 81,4 дарсади сокинони аз 18- сола болои вилоят ба эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин вояи дуюми ваксинаро то ин давра 1 миллиону 369 ҳазору 776 тан гирифтаанд, ки ин баробар ба 67%-и тарҳест, ки давлат рӯйи даст гирифтааст. Ҳамзамон дар вилоят то рӯзи гузашта 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирусро гирифтаанд, ки қисмати зиёди онҳо кормандони муассисаҳои тандурустӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дирӯз, 31 январ, дар чорчӯбаи барномаи КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “PfizerBioNTech” ворид карда шуд. 17 январ низ ба Тоҷикистон 1 миллион воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд буд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон бар зидди коронавирус ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» мавҷуд аст ва мардум воксин зада мешаванд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода