Дар Тоҷикистон 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифтанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 021
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17118 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд ва аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пўшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.