Дар як сатр
» Последние публикации на сайте » Страница 257
Ҷаримаи 1,5 ҳазор ронандаи «такси» барои «ифлосӣ»
12:4814 январ

Ҷаримаи 1,5 ҳазор ронандаи «такси» барои «ифлосӣ»

Тайи як соли охир аз ҷониби Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Қӯрғонтеппа барои риоя нагардидани қоидаҳои тозагӣ дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаш нисбати қариб 1,5 ҳазор ронанда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаааст.

Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?
18:1713 январ

Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Аз 29 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон соли гузашта тариқи Маркази миллии тестӣ ягон нафар хатмкунанда шомили донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон нашудааст.

Вазорат: Дар таътил омӯзгорону муҳассилон китоб хонанд
17:4513 январ

Вазорат: Дар таътил омӯзгорону муҳассилон китоб хонанд

Ин фармоиши вазири маориф ва илм 29 декабри соли 2014 имзо шуда, тибқи он дар давраи таътили зимистона омӯзгорони мактабҳо бояд китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро мутолиа намоянд. Ҳамзамон дар фармоиш зикр шудааст, ки омӯзгорон дар давоми таътили зимистона бояд аз курсҳои омӯзиши компютер гузаранд ва диққати хонандагонро ба хондани китобҳои бадеӣ ҷалб намоянд.

Даргузашти генерал Азаматов
16:5513 январ

Даргузашти генерал Азаматов

Собиқ сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон генерал-майор Вайсиддин Азаматов имрӯз, 13 январ бар асари бемории тӯлонӣ реҳлат кард.

Нашрияҳои музофотӣ чӣ ҳол доранд? (Чандрасонаӣ)
21:4612 январ

Нашрияҳои музофотӣ чӣ ҳол доранд? (Чандрасонаӣ)

Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз (аз 250 то 450 сомонӣ), норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъолият дар редаксияҳо, садамавию таъмирталаб будани бинои баъзе идораҳои ВАО ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ, маблағгузории нокофии рӯзномаи музофотӣ, пардохт нашудани ҳаққи қалам, пешбурди кор бо усули куҳнашудаи идорӣ дар расонаҳо, роҳандозӣ нашудани менеҷменти дуруст, дер дастрас шудани рӯзнома ба хонанда... Ин ҳама аз мушкилоти аслии нашрияҳои музофотӣ дар вилояти Хатлонанд, ки роҳи ҳалли зудрас мехоҳанд.

Ватандор кисту
20:4512 январ

Ватандор кисту "ватанхоҳ" чӣ мехоҳад?

Умаралӣ Қувватов, Додоҷон Атовуллоев, Абдумалик Абдуллоҷонов ва ғайраву ҳоказо аз ҷумлаи чунин нафарони «ватанхоҳ» ҳастанд, ки берун аз марзи Тоҷикистон истода, дар бораи Тоҷикистону тоҷикистониён бо «сӯзу гудоз»-и фиребанда ҳарф мезананд. Онҳо бо дурӯғу буҳтон ва дасисабозиҳои худ мехоҳанд аз нав мардуми тоҷикро ба вартаи ҷангу низоъ кашанд ва ба ин васила ба мақсади нопоки худ расанд.

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст
20:2212 январ

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Таҳаввулу таназзули иқтисодию иҷтимоии кулли арсаҳои мавҷудаи вилояти Хатлон дар соли рафта ахиран дар ҳузури раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои музофот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронии таҳлилӣ изҳори ташвиш намуд, ки дар баробари дастовардҳои сершумор, дар аксари соҳаҳо камбудӣ низ кам нест.

Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?
22:4711 январ

Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

афомонии ақлии кӯдакон ва наврасон яке аз бемориҳои ниҳоят паҳншуда мебошад. Асосан сабабҳои он бемории сирояткунандаи модарон, осеби мағзи сар дар вақти таваллуд шудан (асфиксия), камхунии модарон мебошад. Кӯдак бояд то яксолагӣ ҷисман тараққӣ ёфта, пурра роҳгард шавад ва то сесолагӣ рӯҳан тараққӣ ёфта, ба воя расад ва гапзан шуда, бо калонсолон пурра муомила кунад. Аммо ин базудӣ амалӣ намешавад.