Грипп — бемории шадиди сирояткунанда
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 399
Грипп – бемории шадиди сирояткунандаи вируси роҳҳои нафаси одам ва баъзе ҳайвонҳо, ки даври ниҳонии нисбатан кӯтоҳи 1-2 шабонарӯза дорад. Барангезандаи зуком (с. 1993 аз тарафи вирусшиносони англис У.Смит, Ф.Эндрюс ва П.Лейдлоу тадқиқ шудааст) вируси андозааш миёна (диаметраш 90-120 мкм) мебошад.
Се типи антегении вирус маълум аст: серотипҳои А ва В, ки эпидемияи оммавиро ба вуҷуд меоранд ва дар ҳар 2-3 (серотипи А) ё 3-4 (серотипи В) сол такрор мешаванд ва типи С, ки бемории бачагонаи синни то мактабиро ба вуҷуд меорад.
Зуком. Ринит – варами луобпардаи бинӣ – бемории алоҳида (аз сирояти микробҳои гуногун ва ниҳоят хунук хӯрдан ба вуҷуд меояд) ва бештар аломати чанде дигар касалиҳои сироятӣ (масалан, грипп, хуноқ, назла, сурхча ва ғайра) мебошад.
Пайдоиш ва аломатҳои беморӣ
Дар натиҷаи варами (газаки) луобпардаи бинӣ ё гулӯ ҳисси хушк шудани қисми болоии роҳи нафас ва сӯзиши он, ҳамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд рӯз оби бинию луоб хеле зиёд меояд. Авзои бемор кам тағйир меёбад, ҳарорат, одатан, мӯътадил аст ё аз 37-37,50 боло намешавад. Бо вуҷуди ин, мариз сарашро вазнин ҳис мекунад, қобилияти корӣ паст, бо бинӣ нафас гирифтан душвор мегардад, баъзан аз сабаби илтиҳоби пардаи чашм оби чашм меравад, ҳисси шомма (бинӣ, димоғ) суст мешавад.
Пешгирии беморӣ
Ҳангоми зуком чунин тадбирҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида мешаванд: бештар нӯшидани чой (ширчой, асалчой, чой бо қиёми марминҷон, қулфинай ва ғайра); мувофиқи тавсияи духтур истеъмол кардани доруҳои арақовар, антибиотикҳо ва ғайра. Дар натиҷаи табобат варами луобпардаи роҳҳои нафас барҳам хӯрда, нафасгирӣ осон мешавад. Сахт бинӣ афшондан ва сулфаи тӯлонӣ ба сироят ёфтани қисми дохилии гӯш мусоидат мекунад. Аз ин рӯ биниро оҳиста (бе зӯр задан) афшонида, доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст. Аз табобати саривақтии зуком сар кашидан ва иҷро накардани тавсияи духтур (масалан, оид ба бистарӣ гаштан) сабабгори ошкор шудани зукоми кӯҳна мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки варами бардавоми луобпардаи узвҳои нафас ба раванди мӯътадили нафасгирӣ халал ворид месозад. Зуком ҳамеша оқибати ниҳоят хунук хӯрдан ё касалиҳои сироятӣ нест. Шахсони асабонӣ ва ҳаяҷонпазир бештар гирифтори зукоми аллергӣ (зукоми вазомоторӣ) мешаванд. Ин қабил зуком бо атсазании муттасил, ихроҷи барзиёди оби бинӣ, ашкрезӣ, хориши бинию пилкҳои чашм хурӯҷ меёбад (рӯзе чанд маротиба такрор мешавад).
Табобат
Барои табобати зукоми аллергӣ доруҳоеро кор мефармоянд, ки онҳо ҳассосияти баланди организмро мӯътадил мегардонад. Зукоми навъи хасбеда, одатан, айёми гулшукуфти растаниҳои хӯшадор пайдо мешавад.
Суистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, касалиҳои дилу гурда, шароити кории зарарнок (масалан, ниҳоят чангу ғуборнок будани ҳаво) ба иллати музмин гузаштани зукоми шадид мусоидат мекунанд. Дар натиҷаи зукоми музмин луобпардаи бинӣ ғафс шуда, оқибат нафаскаширо душвор месозад ё баръакс, луобпардаи роҳҳои нафас тунук мешавад. Дар ин сурат барқарор намудани функсияи луобпарда ва ҳисси шомма басо мушкил хоҳад гашт. Аз ин рӯ, ба инкишофи зукоми дерин набояд роҳ дод. Андешидани тадбирҳое, ки зукомро пешгирӣ мекунанд, хусусан обутоби организм басо муҳим аст. Тавассути обутоби организм одам ба тағйири ҳарорат, сармо ё гармозанӣ, ба шамолҷо, рутубати барзиёд ё ҳавои хушк одат мекунад. Организмро ҳаво ва офтоб дода, ба оббозӣ ва намудҳои тобистонаю зимистонаи варзиш муттасил машғул шудан лозим аст. Риояи қоидаҳои беҳдошт дар хона ва истеҳсолот хеле фоидабахш мебошад. Ҳангоми чангу ғубор будани ҳавои коргоҳ аз респиратор истифода бурдан зарур аст.
(Бознашр)
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...